Пайвандҳои дастрасӣ

Мавриди нави ихроҷи муҳоҷирини тоҷик аз Русия



Раҳматкарими Давлат

Ангезаи аслии ин иқдоми мақомоти Маскав чӣ буд?

Мақомоти Тоҷикистон ихроҷи 162 муҳоҷири тоҷик аз Русияро як иқдоми маъмурӣ талақӣ карда мегуянд, ин афрод ба далели нақзи муқаррароти сабти иқоматӣ ихроҷ шудаанд. Маҳмадшо Илолов, вазири кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон муваззафанд дар зарфи се рузи аввали ворид шудан ба Русия худро сабти ном кунанд ва ин афроде, ки ихроҷ шудаанд, ҳамин корро анҷом надодаанд ва бинобар ин мақомоти интизомии Русия онҳоро боздошт ва ихроҷ кардаанд.

Мамадшо Илолов афзуд: "Ҳамон руйхатро ба мо ҳам пешниҳод карданд. Аз 162 нафар 80 нафараш умуман паспорт надоштааст. Инҳо дар тули чанд моҳ боздошт шуда, як, ду ё се моҳро дар боздоштгоҳ ба сар бурдаанд."

Вазири кори Тоҷикистон ҳамчунин афзуд, ихроҷ кардани муҳоҷирин ва касоне, ки муқаррароти кишвари Русияро риоя намекунанд, танҳо ба тоҷикон не, балки ба намояндагони тамоми кишварҳои шуравии собиқ дахл дорад ва ба як амри табиӣ ва қонунӣ табдил шудааст. Хусусан дар ҳоле, ки Русия дар пешоруи маъракаҳои муҳими сиёсӣ ва интихоботҳо қарор гирифтааст. Ба гуфтаи оқои Илолов, ин иқдоми мақомоти Русия дигар ҳеҷ ангезаи дигар наметавонад дошта бошад.

Аммо ин муҳоҷирини ихроҷшуда бар асоси қавонини Русия то панҷ соли дигар ҳуқуқи сафар ба Русияро нахоҳанд дошт. Ва танҳо умеди онҳо ба иваз кардани номи шиносномагиашон ба номгузории тоҷикист, ки дар он сурат имкони дубора ворид шудан ба Русияро пайдо хоҳанд кард.

Аммо муҳоҷирони ихроҷшуда аз Русия сокинони манотиқи мухталифи Тоҷикистонанд ва бино бар он ки маоши худро дар Русия дарёфт накардаанд ва ё як моҳ ё ду моҳро дар боздошт пушти сар кардаанд, имкони молии аз Душанбе ба манотиқ рафтанро надоранд. Маҳмадшоҳ Илолов мегуяд: "Кормандони хадамаи муҳоҷират аз вазорати мо онҳоро дар фурудгоҳ истиқбол карданд. Бисёрии онҳо рафтанд, вале 16 нафараш, ки бояд ба вилояти Суғд раванд, феълан аз ҳисоби хадамаи мкуоҳҷират дар қароргоҳи сайёҳии Варзоб ҷобаҷо шуда, рузи панҷшанбе тавассути қатори роҳи оҳан ба хонаҳояшон фиристода хоҳанд шуд."

Вазири кори Тоҷикистон муътақид аст, ки ба манзури пеш наомадани чунин мушкилот муҳоҷирини корӣ бояд ҳатман бо васояти вазорати кор ва хадамоти муҳоҷирин ба Русия сафар кунанд.

Аз ибтидои соли равон то кунун ин севумин мавриди ихроҷи муҳоҷирини тоҷик аз Русия мебошад. Ҷамъи умумии муҳоҷирини ихроҷшуда акнун ба 1000 нафар расидааст. Муҳоҷирони кории Тоҷикистон солона, ба ҳисобҳои ғайрирасмӣ, садҳо милён долар ба ин кишвар ворид мекунанд. Ва шароити кори онҳо дар Русия дар ҳоле мушкил ва ғайриимкон мешавад, ки ин муҳоҷирон аз роҳи мардикорӣ дар Русия шароити маишати бештар аз нисфи хонаводаҳои Тоҷикистонро таъмин мекунанд.

XS
SM
MD
LG