Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доллар ба таври шигифтовар пойин рафт



Абдуқайюми Қайюмзод



Бино ба маълумоти Бонки Миллии Тоҷикистон, аз оғози ҷорӣ шудани пули сомонӣ барои нахустин бор аст, ки арзиши бозории он дар баробари қурби расмиаш ба таври шигифтовар, яъне ба 7 зина фарқ мекунад. Бонки Миллии Тоҷикистон қурби 1 доллари амрикоиро ба 3 сомониву 1 дирам муқаррар кардааст. Ин дар ҳолест,ки дар дуконҳои табодули асъор дар пойтахт 1 доллар бо 2 сомониву 95 дирам харида ва бо 2 сомониву 96 дирам фурухта мешавад.

Раҳматшо Додихудоев, сухангуи Бонки Миллии Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қурби мазкур дар бозори байнибонкии асъор муқаррар шуда ва ҳамаи муомилоти давлатӣ, ҳисобу китоби муҳосибавӣ, ситонидани боҷу хироҷ ва анвоъи дигари андоз бар асоси он сурат мегирад. Оқои Додихудоев афзуд, ҳоло дар куллияи кишварҳои муштаракулманофеъ ба шумули Русия ва Узбакистон ва ҳамчунин кишварҳое, ки дар онҳо пули воҳиди аврупоӣ - евро гардиш мекунад, ҷараёни коҳиши қурби доллар идома дорад.

Ва аммо як тан аз саррофони пойтахт, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, бонкҳои тиҷоратии кишвар, ки куллияи дуконҳои табодули асъор дар ихтиёри онҳост, алорағми муқарарроти Бонки Миллӣ нархи хариди як долларро ба ду сомониву навадупанҷ дирам муайян кардаанд.

Ба эътиқоди мусоҳиби мо, ҳадаф аз таври сунъӣ поин овардани қурби доллар ба устувории пули сомонӣ мутақоид сохтани созмонҳои молиявии байналмилалӣ назири Сандуқи Ҷаҳонии Пул, Бонки Ҷаҳонӣ ва ба вижа Бонки Осиёии Рушд, ки барои се соли минбаъда як қарзи садмилёндоллариро ба Тоҷикистон ваъда додааст, ва ба ин васила ба даст овардани қарзҳои навбатӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG