Пайвандҳои дастрасӣ

Нархи маҳсулот дар Хатлон боз боло рафт



Ҷалолиддини Фарҳодӣ



Қиммати маҳсулоти ниёзи мардум дар бозорҳои вилояти Хатлон боло меравад. Ҳамакнун як кило гушт, ки қаблан 6 сомонӣ буд, 7 сомонӣ шудааст. Нархи маводи ороишии дастархони идона ғулингу мавиз, бодому чаҳормағз то 4 баробар боло рафт. Ин дар ҳолест, ки қиммати орд дар бозорҳо поён меравад.

Мирзо, як тан аз тоҷирони маҳсулоти ордӣ мегуяд, сабаби арзонии орд дар ин аст, ки ба мардум кумакҳои башарӣ доданд ва орди онҳо зиёд шудааст. Вале нархи гандум боло рафтааст, 55 дирам аст, нархи як кило ҷуворимакка 50-60 дирам аст. Маҳсулоти аз ҳама арзон дар бозори Кулоб намак аст, ки онро мардум аз куҳи Хуҷамуъмин меоранд.

XS
SM
MD
LG