Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи 163 шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия



Салими Аюбзод



Боз 163 шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ихроҷ шуданд. 9 нафари онҳо зан буда, яке аз онҳо донишҷуст, ки гуфта мешавад, иштибоҳан ихроҷ шудааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба Душанбе расидани муҳоҷиронро ба Душанбе тасдиқ кард.

Рузномаи "Труд" навишт, аз ҳама бештар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия ихроҷ мешаванд. Ин рузнома ба нақл аз полковники сарраёсати умури дохилии шаҳри Маскав Виталий Крамской навишт, бо ин роҳ як наркодесанти Тоҷикистон пароканда карда шуд.

Полковник Крамской ба рузномаи Труд гуфтааст, номи ҳамаи ихроҷшудагон ба маълумотномаи вазорати умури дохилӣ ворид карда шудааст ва дар ҳоли бозгашт ба Русия онҳоро як соли ҳабс интизор хоҳад буд. Консулгарии Тоҷикистон, ки намояндааш дар маросими ихроҷи рӯзи якшанбе, 16 ноябр, ширкат дошт, бар ин аст, ки маърака тибқи қонунҳои Русия ба амал омадааст.

Аммо нозирони авзоъ мегуянд, ихроҷ ғайриқонунист, зеро миёни Русия ва Тоҷикистон низоми раводид вуҷуд надорад ва додгоҳ танҳо баъди се бор огоҳӣ аз истиқомати бидуни қайд ҳақ дорад, ҳукми ихроҷи шаҳрвандонро содир кунад. Ва ихроҷи донишҷу, аз ҳар нигоҳ ғайриқонунӣ мебошад ва консулгарии Тоҷикистон дар Маскав онро иштибоҳ номидааст.

XS
SM
MD
LG