Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз Амрико 2 000 тонна гандуми тухмӣ меояд



Мирзои Салимпур



Бар асоси як қарордоди байнидавлатӣ, ки вазири хориҷаи Тоҷикистон Талбак Назаров бо сафири Ийолоти Муттаҳида дар Душанбе Ричард Ҳоугланд имзо кардаанд, Амрико ба миқдори 2 000 тонна гандуми тухмӣ ба Тоҷикистон кумаки билоиваз мерасонад.

Интиқоли ин миқдор гандуми тухмӣ тавассути ширкати тиҷоративу қарзии Амрико дар чаҳорчуби барномаи "Ғизо ба хотири пешрафт" сурат хоҳад гирифт.

Хабаргузории ИТАР-ТАСС, ношири ин хабар мегуяд, Тоҷикистон имсол аз 40 кишвар иҷаҳон кумакҳои башарӣ дарёфт кардааст. Ба навиштаи ИТАР-ТАСС- 53 дар сади ин кумакҳо ба Тоҷикистон аз суи ИМА расидаанд.

XS
SM
MD
LG