Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Воридоти Тоҷикистон аз содироташ бештар аст



Мирзои Салимпур



Тайи 10 моҳи аввали соли 2003 ҳаҷми содироти Тоҷикистон дар муқоиса бо воридот ба маблағи 71 милён доллари амрикоӣ камтар шудааст. Ин дар ҳолест, ки фарқи байни содироту воридот дар ҳамин давраи соли гузашта ҳамагӣ 12,7 милён доллар буд.

Бино ба ҳисоби кумитаи омори Тоҷикистон, байни моҳҳои январ-октябр ин кишвар ба маблағи 623 милён доллар ба хориҷ мол фурухта, дар ин муддат аз кишварҳои хориҷӣ ба маблағи 694 милён доллар маҳсулот ворид кардааст. Ҷамъи тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар ин муддат 1 миллиарду 317 милён долларро ташкил медиҳад, ки назар ба давраи соли гузашта 10,2 дарсад бештар аст.

Каме бештар аз 45 дарсади тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли равон бо кишварҳои муштаракулманофеъ ва ҳудуди 55 дарсадаш бо кишварҳои дигари хориҷӣ сурат гирифтааст. Пахта, алюмин, газ ва нируи барқ муҳимтарин маҳсулот дар таркиби содироту воридоти Тоҷикистон боқӣ мондаанд.

XS
SM
MD
LG