Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷмуъи маҳсулоти дохилӣ 10 фоиз афзудааст



Мирзои Салимпур



Маҷмуъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар 10 моҳи аввали соли ҷорӣ 10,6 фоиз рушд карда, тақрибан 3 миллиарду 775 милён сомониро ташкил дод.

Манбаъи ин хабар, кумитаи давлатии омори Тоҷикистон ба "Интерфакс" гуфтааст, маҷмуъи маҳсулоти саноатии кишвар байни моҳҳои январ-октябри соли 2003 9,3 дарсад афзуда, ба дувуним миллиард сомонӣ баробар шудааст.

Қисми дахли буҷаи Тоҷикистон дар ин давра 550 милён сомонӣ ва қисми харҷи буҷа 500 милён сомониро ташкил дод. Ба ин тартиб профитсити буҷаи давлатӣ дар 10 моҳи аввали сол, ба ҳудуди 50 милён сомонӣ ва ё тақрибан ба 1,5 дарсади маҷмуъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон баробар будааст.

XS
SM
MD
LG