Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Полковник Садриддинов ба зиндон рафт



Мирзонабии Холиқзод



Ҳайъати мушовараи низомии Додгоҳи Олии Тоҷикистон ду низомии неруҳои марзбонии кишвар ва як шаҳрванди Афғонистонро, ки ба қочоқи ҳероин айбдор шудаанд, ба муҳлатҳои тулонӣ аз озодӣ маркум намуд.

Муҳаммадалӣ Юсуфов, масъули дафтари матбуоти Додгоҳи Олӣ гуфт, полковники кумитаи давлатии марзбонии Тоҷикистон Нусратулло Садриддинов ва лейтенанти ҳамин кумита Диловар Азимов бо суиистифода аз вазоифи худ бо шаҳрванди Афғонистон Саъдуллоҳи Абдулхолиқ ҳамкорӣ намуда, мехостанд ба Душанбе ҳероин интиқол диҳанд .

Азиз Буриев, додраси низомии Додгоҳи Олӣ, ки масъули ин парванда буд, мегуяд, шаҳрванди Афғонистон Саъдуллоҳи Абдухолиқ ба муддати 16 сол ба ҳабс маҳкум шуд. Ба гуфтаи оқои Буриев, ин бори дуввум аст, ки Саъдулоҳи Абдухолиқ бо гуноҳи қочоқи маводи мухаддир боздошт ва ба маҳкама кашида мешавад. Вай дар соли 1998 бо гуноҳи қочоқи маводи мухаддир боздошт шуд ва чор сол баъд, яъне дар соли 2002 авф шуда буд.

Баъдан Саъдулоҳи Абдухолиқ дар ҳамкорӣ бо полковники неруҳои марзбонии Тоҷикистон Нусратуллоҳ Садриддинов ва лейтенант Диловар Азимов мехостанд як масири доимии интиқоли ҳероинро аз Афғонистон ба Душанбе боз кунанд. Дар моҳи апрели соли 2002 онҳо қасд кардаанд, 24 килою 600 грамм ҳероинро, ки аз Афғонистон ба Тоҷикистон интиқол дода шуда буд, аз тариқи Кулоб ба шаҳри Душанбе оранд. Аммо дар постгоҳи ноҳияи Восеъ аз тарафи кормандони умури дохила ва амният ин миқдор ҳероин кашф ва мусодира шуда, алайҳи ду марзбони тоҷик ва як шаҳрванди Афғонистон парвандаи ҷиноӣ боз гардид.

Ба қавли додрас Азиз Буриев, дар авоили соли равон кормандони тибб бо баҳонаи бемории руҳӣ полковник Нусратулоҳ Садриддиновро дар беморхонаи касалиҳои руҳии Куктош, воқеъ дар ноҳияи Ленин бистарӣ намуда, мехостанд аз ҷавобгарии ҷиноӣ раҳояш кунанд. Тибқи баёноти пизишкҳо гуё дар вақти интиқоли ҳероин полковник бемори руҳӣ будааст. Аммо бо дархости муовини аввали додситони кулл Азизмад Имомов парвандаи полковник Садриддинови 46 сола дубора ба муҳокима кашида шуд.

Бино ба иттилоъи Додгоҳи Олии Тоҷикистон, аз соли 1993 ба ин тараф ҳодисаҳои бо қочоқи маводи мухаддир дастгир шудани кормандони баландрутбаи ниҳодҳои қудратӣ афзудааст.

XS
SM
MD
LG