Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳмонов бо Элизабет Ҷонс мулоқот кард



Мирзонабии Холиқзод



Кушиш барои баргузории интихоботи шаффоф ва мунсифонаи парлумони Тоҷикистон дар соли 2005, густариши доираи ҳамкориҳои Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, афзоиши ёриҳои низомӣ барои таҳкими амнияти марзи Тоҷикистон, таҳкими раванди ислоҳоти иқтисодӣ, аз ҷумла ислоҳоти замин аз мавзуҳои аслии гуфтугуи раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо ёвари котиби давлатии Ийолоти Муттаҳидаи Амрико Элизабет Ҷонс буд.

Элизабет Ҷонс, ёвари котиби давлатии ин кишвар субҳи 13 ноябр вориди Душанбе шуд. Пас аз анҷоми мулоқот Элизабет Ҷонс гуфт, мавзуи ҳамгироии иқтисодии кишварҳои минтақа аз масъалаи муҳим ба шумор меояд. Ва ба ин манзур хостем, ки бо раисони ин кишварҳо Тоҷикистон, Қазоқистон ва Узбакистон гуфтугу кунем. Ҳамчунин роҳҳои густариши ҳамкории Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон бо кишвари дигари минтақа Афғонистон баррасӣ шуд.

Хонум Ҷонс роҷеъ ба тавсиаи ҳамкории дуҷонибаи ҳукумати Иёлоти Мутаҳида ва Тоҷикистон гуфт: "Барои Тоҷикистон мувофиқ намудани қонунгузориҳои он ба талаботи байналмиллал ва анҷоми солими ислоҳоти иқтисодӣ зарураст, зеро ин павастани Тоҷикистонро ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат наздиктар месозад. Ба хотири нерумандии Тоҷикистон ҷиҳати дифоъ аз марзҳояш ва барои ҷилавгирӣ аз ҳамлу нақли маводи мухаддир аз Афғонистон ба ин кишвар, ҳукумати Амрико ба марзбонони тоҷик кумакҳои амалӣ хоҳад кард. Ҳамчунин мо дар бораи зарурати таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин кишвар суҳбат намудем, зеро ин ҳама барои баргузории интихоботи озод ва мунсифона дар соли 2005 мусоидат мекунад."

Намояндаи дигари ҳайъати Иёлоти Мутаҳидаи Амрико Лорн Крейнер гуфт, қабл аз мулоқот бо президент Раҳмонов, ҳайъати мо имкон пайдо намуд, ки бо гуруҳе аз чеҳраҳои сиёсии Тоҷикистон гуфгугуи кутоҳе анҷом диҳад. Ба назари оғои Крейнер интихоботҳои гузаштаи Тоҷикистон чандон озод набуданд ва барои баргузории маъракаҳои озод ва демократӣ ба вижа қонуни матбуот ва қонун дар бораи интихоботи ин кишвар нақши муҳим доранд. Илова ба ин у афзуд, мувофиқи талаботи ҷомеаи байналмиллал меъёрҳо вуҷуд доранд, ки бояд ҳукумати Тоҷикистон ҳам ҳамаҷониба ин талаботро дар интихобот риоя кунад.

Раиси Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон Раҳматулло Зоиров, муовини аввали раиси Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар мулоқоти ҳайати Ийолоти Мутаҳида ширкат доштанд. Муҳиддин Кабирӣ гуфтааст, азбаски имкони бевоситаи ба президенти Тоҷикистон расонидани мушкилот дар раванди баррасиҳои қонунҳои муҳим ва масоили дигари демократияро надоранд, мавҷудияти ин ҳама масоилро ба ҳайъати ҳукумати Амрико расонидем.

XS
SM
MD
LG