Пайвандҳои дастрасӣ

Ботулизм се нафарро дар Кулоб кушт



Ҷалолиддини Фарҳодӣ



Авоили ҳафтаи ҷорӣ 6 тан аз сокинони деҳаи Чинори ноҳияи Кулоб, бар асари заҳролудшавӣ аз истеъмоли хуриш ё худ газзаки боимҷон дар шуъбаи эҳёгарии бемористони марказӣ бистарӣ шуданд. Се тан аз маризон Сафаргул Ҳасановаи сивуҳафтсола, Шарофат Шукуроваи бистсола ва Мадина Абдураҳимоваи шашсола дар беморхона фавтиданд. Се тани дигар бемори вазнинанд ва табибон мегуянд, хатари аз даст додани онҳо низ бармалост.

Маҳмадалӣ Беков сардухтури шуъбаи эҳёгарӣ мегуяд, ин 6 тан ба бемории ниҳоят сангин гирифторанд, ки дар тибби мусоир бо номи "ботулизм" маъруф аст ва беш аз 80 дарсади гирифторони ин беморӣ мефавтанд. Ҳамин мараз тӯли 20 соли ахир дар минтақаи Кӯлоб мушоҳида нашуда буд.

Ва аммо ин ҳодисаи нахустини заҳролудшавӣ дар минтақа нест. Маҳмадалӣ Беков мегӯяд, тули 6 моҳи ахир танҳо дар ҳамин шуъба 200 нафар бо иллати заҳролудшавӣ аз истеъмоли маводи хурока ва дорувор бистарӣ будаанд ва беш аз панҷ дарсади маризон, ҳудуди 10 нафар аз олам гузаштаанд.

Қодир Муродов - сардухтури маркази беҳдоштӣ ва амрози фарогири минтақаи Кулоб мегуяд, аксари мардум бар асари истеъмоли яхмосу нушокиҳои сарикучагӣ ва доруҳо, ки бе иҷозати расмӣ ба фуруш мераванд, заҳролуд шудаанд: "Меъёрҳои санитариро надониста ба савдои умумӣ, ки сар карданд ва меъёрҳоро риоя намекунанд, аз ҳамин сабаб аст, ки мардумро заҳролуд мекунанд. Онҳо бе иҷозати санепидемстансия савдо мекунанд."

Хонум Афзалбӣ, як тан аз сокинони кучаи Корвонгузари Кулоб мегуяд, чанде қабл аз истеъмоли яхмос ҳамаи фарзандони у заҳролуд шудаанд ва барои табобати онҳо Афзалбӣ 200 сомонӣ харҷ кардааст: "Баъди ҳаму яхмос мо хурок нахурдем, ки гуем аз хурокворӣ заҳролуд шудаанд. Яъне фарзандони ман яқин аз истеъмоли яхмос касал шудаанд."

XS
SM
MD
LG