Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе нархи бензин "парвоз" кард



Раҳматкарими Давлат



Қиммати бензин ва анвои дигари сузишворӣ дар Тоҷикистон ба таври бесобиқа афзоиш ёфт. Рузи чаҳоршанбе дар нуқтаҳои фуруши бензин дар шаҳри Душанбе як литри он ба қиммати ду сомонӣ ё ду сомониву панҷоҳ дирам фурухта мешуд. Аксари фурушгоҳҳои бензин, вале баста буда ва барои харидани бензин навбатҳои беохире мушоҳида мешавад.

Афзоиши қиммати сухт дар айни ҳол боиси халалдор шудани ҳаракати муназзами нақлиёти мусофирбарӣ дар дохили пойтахти Тоҷикистон ва масирҳои байнишаҳрӣ шудааст. Дар шаҳри Душанбе ҳаракати мардум аслан тавассути ба истилоҳ маршруткаҳо сурат мегарад, ки умдатан аз бензин истифода мекунанд. Троллейбус ва автобус, ки бо сузишвории дизелӣ ҳаракат мекунад, дар ин шаҳр хеле кам ба назар мерасад. Аз ин лиҳоз номуназзамии ҳаракати нақлиёт боиси саргадонии мусофирон ва сокинони Душанбе шудааст.

Аммо мақомоти ширкати давлатии "Нафтрасон" ин иттифоқро як амри табиӣ медонанд. Ба назари онҳо, афзоиши нархи бензин дар Тоҷикистон ба боло рафтани қиммати маҳсулоти нафтӣ дар кишварҳои ҳамсоя вобаста мебошад. Як намояндаи ин ширкат гуфт, бахши умдаи маҳсулоти нафтиро ба Тоҷикистон аслан соҳибкорон аз кишварҳои Узбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон ворид мекунанд ва бо назардошти талабот ба ин маҳсулот соҳибкорон нархи бензинро афзоиш додаанд. Зиёда аз ин баланд шудани нархи бензин ба гаронии нархи нафт вобаста мебошад.

Ин манбаъ мегуяд, аз ибтидоӣ сол то кунун бештар аз 120 ҳазор тонна бензин ба Тоҷикистон ворид шудааст, вале талабот ба маҳсулоти нафтӣ назар ба ҳар рузи гузашта бештар ва бештар мешавад.

XS
SM
MD
LG