Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иво Тониут:"Додситонӣ аз ман узр бихоҳад"



Раҳматкарими Давлат



Иво Тониут як шаҳрванди итолиёвӣ ва раиси созмони хайриявии "Душанбе луҷистик" зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, аз мақомоти Додситонии Нақлиёти Тоҷикистон ва аз хабаргузории "Азия плюс" хостааст, ки барои зарари ҷисмонӣ ва маънавии расонида ба у узрхоҳӣ кунанд.

Иво Тониут гуфтааст, дар сурати ғайр ба Додгоҳи Аврупоӣ дар ин бора шикоят хоҳад бурд. Иво Тониут мегуяд: "Панҷ моҳ боздошти беасос нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон аст, вале ман барои он дар ин бора дар Додгоҳи Аврупоӣ аз болои бархе соҳибмансабони Додситонии Нақлиёт шикоят накардам, ки медонам Додгоҳи Аврупоӣ нисбати амалкардҳои ғайриқонунии соҳибмансабони кишварҳои дигар ҳаққи ҳукм карданро надорад ва дар сурати даъво кардани ман додгоҳи мазкур метавонад, танҳо нисбати давлати Тоҷикистон ҳукме содир кунад. Ва ба мулоҳизоти он ки ман эҳтироми ин мардумро эҳсос кардаам, аз чунин коре то кунун худдорӣ кардаам. Аммо матни шикоятномаи ман омадааст ва дар як созмони ҳуқуқи дар Италия ман ба он имзо гузоштаам. Ба ин қазия танҳо замоне нукта мегузорам, ки Додситонии Нақлиёт ва нашрияи "Азия плюс" узрхоҳӣ кунанд.

Иво Тониут як шаҳрванди кишвари Итолиё аст, ки дар соли 2001 ба мақсади расонидани кумакҳои луҷистикӣ ба Афғонистон дар шаҳри Душанбе созмони хайрияи "Душанбе луҷистик" ро сабти ном кард. Вале дар ибтидои соли 2003 аз ҷониби Додситонии Нақлиёти Тоҷикистон ба фиребгарӣ, насупоридани молиёт, қочоқи бор ва таққалуби аснод мутаҳам дониста шуда ва боздошт мешавад.

Аммо додгоҳи ноҳияи Роҳи Оҳани шаҳри Душанбе тамоми итиҳомоти нисбати Иво Тониут эълоннамудаи Додситонии Нақлиётро беасос дониста ва уро танҳо дар насупоридани молиёт гунаҳгор дониста ва ба супоридани ҷарима ба андозаи 1000 маоши ҳадди аққал маҳкум мекунад. Додситонии Нақлиёт дар навбати худ ин қарори додгоҳро беасос медонад ва ба ҳукми додгоҳ эътироз баён кардааст.

Аммо Марат Маҳмадшоев - муҳарири масъули нашрияи "Азия плюс" - мегуяд ин даъвои Иво Тониут беасос аст: "Мо хабари расмии аз манбаи расмӣ дарёфткардаро мунташир кардем. Чизе аз он кам ва ё ба он изофа накардем. Аз ин хотир фикр мекунам, ки даъвои оқои Тониут чандон дуруст намебошад."

Аммо дар ҳоле, ки муноқиша миёни Иво Тониут ва бархе аз муассисаҳои Тоҷикистон ба ин гуна идома дорад, созмони "Душанбе луҷистик" ба кори худ ҳамчунон идома медиҳад ва ин созмон дар тармими роҳи мошингарди Душанбе - Курғонтепа - Кулоб ҳамкорӣ дошта ва дар барномаи он ба Афғонистон фиристодани молҳои тавлидоти Тоҷикистон дар авлавият қарор дорад.

XS
SM
MD
LG