Пайвандҳои дастрасӣ

Ифтитоҳи нахустин бозори наздимарзӣ дар вилояти Суғд



Маъсум Имомов

Ҳукуматдорон ният доранд, дар чанд ноҳияи дигари марзӣ чунин бозорҳоро таъсис диҳанд.

Аввалин бозори наздимарзӣ дар вилояти Суғд дар ноҳияи Исфара боз гардид. Ин бозори навро бо номи "Гулистон" дар минтақаи ҳаммарз бо ноҳияи Боткани Қирғизистон ҳукумати Исфара дар майдони тақрибан 1 гектар бунёд кардааст. Дар он тоҷирони тоҷику қирғиз молу колои худро ба фуруш гузоштаанд.

Як сокини Суғд, Рустам Рустамов дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бозори нав аз ҷониби сокинони наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон хуш пазируфта шудааст: "Нафарони зиёде аз аҳолии қирғиз ва тоҷик дар бозори нав ҷамъ омада харид мекарданд. Дар бозор бештар маҳсулоти кишоварзӣ ва консерв, ҳамчунин орд аз ҷониби тоҷирони тоҷику қирғиз ба фуруш гузошта шуда буд."

Мусоҳиби мо афзуд, нархи хуроквориву коло дар бозори наздимарзии Исфара нисбат ба бозори дохилӣ арзонтар буда, рузи аввали ифтитоҳ асосан маводи ғизоӣ ба фуруш рафтааст.

Коршиносони маҳаллӣ ифтитоҳи бозори наздимарзии Исфараро нахустин иқдоми ҷиддии амалӣ аз ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон дар танзими муносиботи озоди тиҷорати байни шаҳрвандони ин ду кишвар арзёбӣ мекунанд.

Ёқубҷон Эгамбердиев - сарвари Ҷамъияти Матлуботи вилояти Суғд мегуяд, тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон ифтитоҳи чунин бозорҳо дар манотиқи бо Узбакистон ҳаммарзи вилояти Суғд дар навоҳии Конибодом, Масчоҳ, ва Нов дар ояндаи наздик дар назар аст. У гуфт, тарҳрезӣ ва бунёди бозорҳои наздимарзӣ дар ҳоли анҷомёбист.

Вале дар ҳоли ҳозир минтақаи сарҳадии Исфара - Боткан дар Водии Фарғона як ҷазираи кучаки тиҷоратиро мемонад. Барои сокинони дигари ҷамоҳири Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон дар водии Фарғона ҳама роҳҳои тиҷоратӣ баста аст. Дар гузаргоҳҳои марзии ин 3 ҷумҳурӣ, таввасути посгоҳҳои сарҳадӣ, пулис, гумрук ва ғайра ба истилоҳ як Садди Чинӣ бардошта шудааст. Мақомоти ин се кишвар на танҳо аз кучактарин иртибот ва ҳамкории тиҷоратии байни шаҳрвандон, балки аз воридшавии онҳо ба қаламравҳои ҳамдигар ҷилавгирӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG