Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давлат Чолови фирориро боздошт карданд



Ҷалолиддини Фарҳодӣ



Як тан аз собиқ фармондеҳони Фронти халқӣ, Давлат Чолов, ки аз соли 2001 дар бозҷуии ҷиноӣ қарор дошт, ахиран, ҳангоми як амалиёти фаврии кормандони Раёсати Умури Дохилаи минтақаи Кулоб дастгир шуд.

Шариф Назаров- раиси Шуъбаи умури дохилаи минтақаи Кулоб ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти қудратӣ тӯли ду сол барои боздошти Давлат Чолов, дом мегузоштаанд, аммо фармондеҳи собиқ ҳар дафъа аз муҳосира фирор мекард. Чанд моҳ қабл мақомоти қудратӣ дар рузи дафни модари Чолов ҷанозагоҳро муҳосира гирифтаанд, аммо Давлати Чолро боздошт карда натавонистанд.

Роҷеъ ба амалиёти ахир полковник Назаров мегуяд: "Рузи 30 октябр, рузона, соати 9 аз шаҳри Кулоб дастгир шуд. Яроқ надошт, гуруҳаш бо у набуд. Уро танҳо дастгир кардем ва боқимонда ҷонибдоронашро баъдтар."

Давлати Чол даҳ руз муқаддам, 30 октябр боздошт шуда буд, аммо барои дастгир кардани бархе аз ҷонибдори фармондеҳ мақомоти қудратӣ санади ҳабси Чоловро пинҳон доштаанд.

Гуруҳи ҷондорони фармондеҳи маъруф, ки дар содир кардани ҷиноёт даст доштаанд, пас аз ҳабси Давлат Чолов дар тамоми навоҳии минтақаи Кулоб мавриди ҷустуҷу қарор доранд: "Баъд ягон 4-5 каси дигарро, ки дар вақташ бо у ҷиноят содир кардаанд, гирифтем. Баъзеи онҳо бо Давлат гурехта буданд."

Давлат Чолов чорумин бародари фармондеҳи маъруфи ҷабҳаи Халқии Кулоб, Қурбон Чолов аст, ки тули чанд соли ахир боздошт гардидаанд. Ду бародари дигари Давлат Чолов, Фирдавс ва Сулаймон Чоловҳо мутаносибан ба муддати аз 6 то 8 солӣ зиндонӣ шудаанд. Бародари дигари фармондеҳи маъруф Ҷавҳаршоҳ Чолов моҳи саввум аст, ки дар зиндони муваққатии Кулоб ҳабс аст, ва парвандаи ҷиноии уро додгоҳи Кулоб рузҳои наздиктарин бояд баррасӣ кунад.

Як сарчашмаи муътамади ба мақомоти қудратӣ наздик дар суҳбати бе микрофон ба Радиои Озодӣ гуфт, Давлат Чоловро дар хонааш, воқеъ дар маҳаллаи Сино боздошт кардаанд. Собиқ ҷангии Фронти Халқӣ дар содир кардани як зумра ҷиноёти махсусан вазнин ҳамчун таҷовуз ба номус ва куштор гумонбар дониста шудааст.

XS
SM
MD
LG