Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду гаравгонро раҳо карданд



Сафаргул Олимӣ



Намояндаи масъули вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба дунболи ба оташ афкандани ним тонна маводи мухаддир дар ҳузури хабарнигорон гуфт, 2 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар асорати гуруҳи қочоқбарони Афғонистон ба сар мебурданд, раҳо шуданд.

Файзулло Гадоев - сарвари раёсати мубориза бо қочоқи мухаддири вазорати умури дохилаи Тоҷикистон - дар робита ба ҳамин масъала гуфт, мувофиқи маълумоти ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон даҳҳо сокинони манотиқи марзии ин кишвар ҳангоми муомила бо қочоқбарони афғон ба гарав бурда шудаанд.

Оғои Гадоев афзуд, мақомоти вазорати умури дохила, марзбонӣ ва амният талош доранд, шаҳрвандони Тоҷикистонро аз гаравгонии гуруҳҳои қочоқбари афғон озод кунанд, аммо азбаски ниҳодҳои масъули ҷониби Афғонистон фаъолияти ҷиддӣ надоранд, дар ташхиси ҷои буду боши афроди гаравгон ва теъдоди онҳо мушкилиҳо ҷой дорад.

Бар асоси иттилои вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, гуруҳҳои мофиоӣ ҳангоми ҳамлу нақли маводи мухадир роҳҳои нави интиқоли ҳероинро истифода мебаранд ва дар ин роҳ бархе аз сокинони манотиқи марзии Тоҷикистон ба онҳо кумак мекунанд.

Тибқи иттилоъи вазорати умури дохила, дар даҳ моҳи соли ҷорӣ сохторҳои вазорати умури дохила аз гуруҳҳои қочоқбар беш аз 2 тонна маводи мухаддир кашф ва мусодира кардаанд.

XS
SM
MD
LG