Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ЮНЕСКО "Шашмақом"-ро ҳифз хоҳад кард



Хиромон Бақозода



Ҳайъати коршиносони ЮНЕСКО, Дафтари созмони Милали Муттаҳид дар умури илму фарҳанг, баъди баррасии чаҳорруза эълом дошт, мусиқии классикии "Шашмақом", ки моли мардуми Тоҷикистон ва Узбакистон аст, таҳти ҳифозати Созмони Милал гирифта мешавад.

Мусиқии "Шашмақом" ба ҳайси қадимтарин ва бонуфузтарин маҳсули ҳунарӣ аз ин ба баъд дар шумули 28 шоҳкории шифоҳиву маънавии мардумӣ ва осори мавриди ҳимояти хоссаи ҷаҳониён шинохта мешавад. Дар ин феҳраст ҳамчунин Мақоми Озарбойҷон, балети шоҳии мардуми Камбоҷа, ҳунари наққошии Чин, Мақоми ироқӣ ва ривоёти мардумӣ ё "Манас"-и Қирғизистон ворид шудаанд.

Сезар Морено, як масъули дафтари ЮНЕСКО дар Париж дар мусоҳиба ба радиои "Озодӣ" гуфт, баргузида шудани "Шашмақом" ва осори дигари ҳунарӣ пеш аз ҳама бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи хоссаи ҷаҳониён дар ҳифозати мероси башарӣ ва рушду такомули ин ҳунарҳо барои наслҳои оянда мебошад. Ҷаноби Морено оид ба манфиатҳои минбаъдаи ин барнома чунин изҳор намуд:

"Мақсад аз чунин тасмим на фақат вориди феҳрасти хосса гардидани ин ҳунарҳо, балки пеш аз ҳама дар зарурати ҳифзи "Шашмақом" дар ҷумҳурӣ аст. Дар ин самт бояд ба аъзои ҳукумат дар анҷоми амалҳои махсус кумак кард. Ин кумак бояд барои ҳифзи репертуари ҳунарии "Шашмақом", тарбияи ҳунармандони нав равона гардад ва ҳамчунин мебояд дигар тадбирҳоро барои зиндадории "Шашмақом" роҳандозӣ кард. "

Сезар Морено, корманди ЮНЕСКО дар Париж мегуяд, шуруъ аз соли нав ҳайати иборат аз кормандони ин созмон ва сохторҳои дахлдори ҳукуматҳои Тоҷикистону Узбакистон фаъолиятҳои худро барои амалӣ сохтани ин барномаҳо оғоз мекунанд.

XS
SM
MD
LG