Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки Осиёии Рушд ва саҳми он дар ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон



Абдуқайюми Қайюмзод

Дар Душанбе намояндагии ин бонк расман ифтитоҳ шуд.

"Барои кишваре, ки дорои сарватҳои фаровони табиӣ ва неруи инсонист чунин сатҳи ниҳоят поини фақр таҳаммулнопазир аст. Сатҳи камбизоатиро бояд ва имкон дорад коҳиш дод. Ҳадафи аслӣ ва умдаи кумаки мо бо Тоҷикистон ба ҳамин манзур нигаронида шудааст". Ин суханони Тадао Чино - президенти Бонки Осиёии Рушд буд, ки дар маросими ифтитоҳи намояндагии доимии бонки мазкур, 10 ноябр дар Душанбе ширкат кард.

Оқои Чино гуфт, ҳамкорӣ ва кумакҳои Бонки Осиёи Рушд ба Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст ва ба далели ҳамкории тулонӣ ва мудавоми Бонки Осиёии Рушд бо Тоҷикистон ифтитоҳи намояндагии доимии бонки мазкур дар ин кишвар як амри табиӣ мебошад: "Намояндагии доимии Бонки Осиёи Рушд тавонмандии барномарезии ин ниҳоди молиявиро ҷиҳати ҳамоҳангсозии расонидани кумакҳои рузафзун ба Тоҷикистон бештар мекунад. Намояндагӣ имконот ва шароитро ҷиҳати иҷрои беҳтари барномаҳои бонки мо ва талаботи кишвари Тоҷикистон мусоид месозад."

Оқил Оқилов - сарвазири Тоҷикистон - ифтитоҳи намояндагии доимии Бонки Осиёи Рушдро дар Тоҷикистон як руйдоди муҳими сиёсӣ ва иқтисодӣ дар ҳаёти кишвар хонда, нақши бонки мазкурро дар барқарорсозии иқтисод ва аз ҷумла дар пешбурд ва иҷрои Барномаи миллии стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон босамар арзёбӣ кард.

Оқои Оқилов афзуд, қарзҳои Бонки Осиёии Рушд барои рафъи офатҳои табиӣ ва ҳамчунин таҳия ва мутобиқсози қавонини иқтисодии кишвар ба меъёрҳои байналмилалӣ истифода шудааст: "Бо дастгирии ин бонк дар Тоҷикистон 10 лоиҳаи инвеститсионӣ, бо маблағи умумии 123 миллион доллари амрикоӣ ва 29 гранти кумаки техникӣ, ба маблағи умумии 29 миллион доллари амрикоӣ татбиқ гашта истодааст."

Тоҷикистон аз соли 1998, пас аз як соли имзои Созишномаи умумии сулҳ, узви Бонки Осиёии Рушд шуд ва тайи панҷ соли ҳамкорӣ даҳҳо барнома ва тарҳҳои мухталифи бонки мазкур дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар назири нақлиёт, тандурустӣ, энержӣ, кишоварзӣ, тиҷорату гумрук, иртиботот ва ғайра иҷро ва ё дар ҳоли амалишавист. То ҳоли ҳозир қарзҳои ин бонк ба Тоҷикистон 210 миллион долларро ташкил додааст.

Чанде пеш Шурои мудирони Бонки Осиёии Рушд ҷиҳати иҷрои як лоиҳаи дигар барои Тоҷикистон дар давоми солҳои 2004 то 2008 ба маблағи 100 миллион доллар ва солона дар чаҳорчуби барномаи кумаки техникӣ ба маблағи 2 миллион доллари амрикоӣ қарор кабул кард.

Дар Душанбе то кунун намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ, Сандуқи Байналмиллалии Пул, Бонки Аврупои Тавсиа ва Тараққиёт фаъолият мекарданд. Намояндагии Бонки Осиёии Рушд чаҳорумин ниҳоди муҳими молии ҷаҳон аст, ки дар Тоҷикистон оғоз ба фаъолият кардааст.

Президенти Бонки Осиёии Рушд Тадао Чино, ки ҷиҳати ширкат дар маросими ифтитоҳи намояндагии доимии ин бонк дар Душанбе ба сар мебарад, бо Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидор ва идомаи ҳамкориҳои дуҷонибаро баҳсу баррасӣ намудааст.

XS
SM
MD
LG