Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поймоли ҳуқуқи журналистон дар Тоҷикистон



Раҳматкарими Давлат

Натиҷаҳои гузориши созмони назорат бар ҳуқуқи рузноманигорони тоҷик.

Нахустин гузориши вижаи мониторинги нақзи ҳуқуқи журналистон дар Тоҷикистон мунташир шудааст. Барномаи ин мониторинг аз 1 июни соли равон оғоз шуда ва мавридҳои поймол шудани ҳуқуқи хабарнигорон ва иҷро нашудани Қонуни матбуотро дар се моҳи охир инъикос кардааст. Дар ин муддат ба гуфтаи муаллифони гузориши мазкур 35 мавриди вайронкуниии ҳуқуқи журналистон ва расонаҳои хабарӣ ба қайд гирифта шудааст.

Нуриддин Қаршибоев - раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон - мегуяд: "Мақсад аз гузаронидани мониторинги дастрасии ахбор дар Тоҷикистон, ин пайгирӣ намудан аз вазъи озодии сухан дар Тоҷикистон аст. Кушиши мо пеш аз ҳама ба он равона гардидааст, ки миёни расонаҳои хабарӣ ва мақомоти расмӣ як робитаи ҳасанае баргузор гардад. Мониторинги мо нишон дод, ки нисбати рузноманигорон ва расонаҳои хабарӣ нақзи ҳуқуқ ва ҳуқуқпоймолкунӣ зиёд ба назар мерасанд ва бештари ин ҳодисаҳо ба дастрасии ахбор ба манобеъи ҳукуматӣ марбут аст. Ва мо ният дорем ин корро минбаъд низ идома диҳем."

Ба гуфтаи гузоришгарон, дар 18 маврид ба таври ошкор ва мустақим ҳуқуқи хабарнигорон нақз шудааст. Дар 8 маврид ҳам ба хабарнигорон манобеъи хабарӣ ва мақомот ҳамкорӣ накардаанд ва ё Қонуни матбуот вайрон шудааст. Ва дар чор маврид ҳам таҳдид ба унвони журналистон мушоҳида шудааст. Ҳамчунин мисолҳои мушаххасе дар бораи мудохила ба кори расонаҳо, нақзи ҳуқуқи муаллиф ва айбдоркунии муғризона ба паст задани эътибори шахс оварда шудааст.

Аз ҷумла дар ин гузориш омадааст, дар таърихи 30 август мушовири иқтисодии раиси ҷумҳури Тоҷикистон дархости хабарнигори "Рузи нав"-ро дағалона рад мекунад ва мегуяд, ки омода нест, дар ихтиёри ин рузнома кадом хабареро қарор диҳад.

Дар ҷойи дигар омадааст, Давлат Шоҳэътиборов хабарнигори "Чархи гардун" дар шаҳри Қурғонтеппа рузи 26 август аз ҷониби афроди номаълум барои нашри як мақола дар бораи корхонаи бофандагӣ таҳдид мешавад.

Ҳамчунин ду нафар корманди вазорати дохила рузи 15 август вориди идораи "Неруи сухан" мешаванд, ва мегуянд, муаллифи мақолаи "Бурӣ Каримов" хонум Махфират Юсуфоваро ҷустуҷу доранд, то уро барои нашри ин мақола муҷозот кунанд.

Ва дар поёни ин гузориш чизе, ки тавҳаҷуҳро ҷалб мекунад, ин аст, ки нависандаи шинохта Шодон Ҳаниф муаллифони "Неруи сухан"-ро дар идораи рузнома барои нашри як мақола ва танқид кардани хоҳарзодааш таҳдид мекунад.

Мониторинги мазкур бо мусоидати созмони шветсариягии рушд ва ҳамкорӣ дар чаҳорчуби барномаи "Дастёбӣ ба ахбор дар Осиёи марказӣ" анҷом шудааст.

XS
SM
MD
LG