Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Тоҷикистон эътироз кард



Сафаргул Олимӣ



Ҳукумати Тоҷикистон бо нигаронӣ аз сарнавишти шаҳрвандони худ ба ҳукумати Узбакистон нотаи эътирозӣ дод ва тақозо кард, ки барои ҷилавгирӣ аз таркишҳои дубора дар марзи ду кишвар чораҳои ҷиддӣ бияндешад.

Шоми ҷумъа, 7 ноябр вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар робита ба ҳодисаи инфиҷори мин дар сарҳади байни Узбакистону Тоҷикистон, ки дар натиҷаи он ду нафар ҳалок ва се нафари дигар ҷароҳат бардоштанд ба сафорати Узбакистон дар Тоҷикистон нотаи расмии ҳукумати кишварро ирсол намуд.

Игор Сатторов сардори бахши иттилооти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар робита ба мавзуъ ба радиои Озоди гуфт: " Рузи 4 нобри соли 2003 дар натиҷаи таркиши минҳои гузоштаи марзбонони Узбакистон дар марзи миёни Узбакистону Тоҷикистон 5 нафар сокинони деҳаи Чилғозии ноҳия Исфара зарар диданд. Дар натиҷа падару писар Умархуҷа ва Усмонхуҷа Мукаррамовҳо ҳалок шуданд ва се нафар наврасони дигар ҷароҳат бардошта алъон дар беморхонаи ноҳия Исфара қарор доранд."

Оғои Сатторов афзуд, аз замони минагузори шудани хати сарҳади байни Узбакистону Тоҷикистон беш аз 80 нафар сокинони вилояти Суғд бар асари бархурд ба минаҳо маҷруҳ шудаву, ҷони худро аз даст додаанд. То кунун дар робита ба вуқуъи инфиҷор аз ҷониби мақомоти расмии Узбакистон вокуниши расмӣ сурат нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG