Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат имтиёзоти як зумра шаҳрвандонро барҳам зад



Раҳматкарими Давлат

Маълум нест, ки "барқароркунандагони сохти конститутсионӣ" низ дар радифи аз имтиёз маҳрумшудаҳо ҳастанд ё не.

Сар аз таърихи аввали соли оянда дар баробари 25 дарсад боло бурдани моҳонаи ҳадди ақал дар Тоҷикистон имтиёзоти як зумра шаҳрвандон дар пардохти ҳаққи хадамоти шаҳрӣ барҳам зада мешавад.

Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи охирини худ ба ин манзур ба як қатор қавонин аз ҷумла ба Қонуни додситонӣ, Қонуни додгоҳ, Қонуни милиса, Қонуни Фарҳанг, Қонуни маориф, Қонуни ҳимояи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо тағйирот ворид намуда ва кормандони соҳоти номбурдаро аз доштани ҳар гуна имтиёзот маҳрум кард. Тибқи ин тағйирот дигар кормандони маориф, умури дохила, афроди низомӣ ва додгоҳҳо аз ҷумла ҳаққи истифодаи бепул аз нақлиёти умумӣ, истифодаи бидуни пардохти газ, об, барқ ва сойир хадамоти шаҳриро нахоҳанд дошт.

Ҳамчунин иштирокдорони ҷанги бузурги ватанӣ ва афроди ба онҳо баробар, яъне ширкаткунандагони низоъҳо дар Венгрия, Чехословакия ва Афғонистон низ аз тамомии имтиёзҳои худ маҳрум сохта шудаанд. Аммо тибқи фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон бар ивази лағви имтиёзи ин гуруҳи афрод чун иқдоми ҳимояи иҷтимоии ҷанговарон ва аъзои оилаи онҳо моҳона ба андозаи 15 сомонӣ ҷубронпулӣ таъйин шудаааст.

Ин ҳол дар ҷомеа ва дар парлумон боиси вокунишҳои мухталифе шудааст. Касоне, ки аз имтиёз маҳрум шудаанд, мегуянд, бо 15 сомонӣ ҷубронпулӣ наметавон ҳатто ҳаққи барқ ё газро пардохт кард.

Аммо дар ҳамин ҳол сухангуи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ки ахиран дар як эътилофи ғайри расмӣ бо ҳукумат канор омадааст мегуяд, ин иқдом тақозои низоми имрузи ҷомеаи Тоҷикистон аст.

Ҳикматулло Сайфуллозода мегуяд: "Имтиёз ва дигар паҳлуҳои кумакие, ки давлат барои шаҳрвандон муайян мекунад, аз имкониятҳои воқеии он бармеоянд. Ба фикри ман ин қарор муносиби воқеияти кишвар аст."

Дар ҳамин ҳол Муродҳусейн Худоиев - узви парлумони Тоҷикистон аз Ҳизби Коммунист низ мегуяд, ин иқдом баробарии қишрҳои ҷомеаро, ки Қонуни Асосӣ нишон додааст, таъмин мекунад. Дар ҷомеаи демократӣ ба гуфтаи у, касе бояд аз каси дигар имтиёз ва бартарӣ надошта бошад.

Аммо дар фармони раиси ҷумҳур ва дар санадҳои Маҷлиси Намояндагон низ ҳарфе аз имтиёзҳои ба истилоҳ барқароркунандагони сохти конститутсионӣ нарафтааст. Барқароркунандагони сохти конститутсионӣ вожаи тоза дар илми ҳуқуқи Тоҷикистон аст ва онҳо касонеанд, ки Эмомалӣ Раҳмонов ва ҳукумати феълиро сари кор овардаанд. Ва маълум нест, ки ҳукумат имтиёзи сарбозони вафодори худро низ лағв кардааст ва ё не.

XS
SM
MD
LG