Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваҷпайӣ 13 ноябр ба Душанбе меояд



Раҳматкарими Давлат



Рузи ҷумъа таърих ва барномаи сафари расмии сарвазири Ҳиндустон Отал Виҳори Ваҷпайӣ ба Тоҷикистон эълон шуд. Қарор аст, Отал Биҳорӣ Ваҷпайӣ рузи 13 ноябр зимни сафари расмӣ аз Тоҷикистон дидан мекунад.

Бандал Ҷайшанкай - сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон - бо эълони ин хабар гуфт, дар мулоқоти имрузаш бо Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон - масоили муқаддамотии сафари сарвазири Ҳиндустон ба Тоҷикистонро баррасӣ кардааст. У гуфт, кишвараш манфиатдори густариши муносиботи бисёрҷониба бо Тоҷикистон чун бо як кишвари дуст ва шарики боэътимод дар минтақа мебошад.

Муносиботи дипломатикии Тоҷикистон бо Ҳиндустон дар тули даҳ соли охир густариши бештар пайдо карда ва борҳо сафари мақомоти мухталифи Тоҷикистон аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳур ба Ҳинд сурат гирифтааст. Аммо ин бори аввал аст, ки сарвазири Ҳиндустон ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Тули чанд соли охир ду кишвар ба таври муштарак дар масъалаи қазияи Афғонистон сиёсат пеш мебурданд. Кумакҳои Ҳинд мисли кумакҳои соири кишварҳои кумаккунанда ба ҷабаҳи мухолифи Толибон аз тариқи Тоҷикистон ирсол мегашт.

Ҳиндустон дар заминаи кумаки техникӣ ба нируҳои мусаллаҳи Тоҷикистон низ саҳм дорад. Ин кишвар аз ҷумла дар ихтиёри артиши Тоҷикистон ду адад чархболи низомӣ-нақлиётӣ қарор дода ва дар таъмини сарбозон ба сарулибоси низомӣ кумак кардааст.

То кунун як даъфа дар шаш соли пеш фурудгоҳи мулкии Душанбе бо ҳамкории ширкатҳои ҳиндӣ тармим шуда ва таҷдиди бархе аз иншоотҳои фурудгоҳи низомии Айнӣ дар ғарби шаҳри Душанбе бо ҳамкории мутахассисони ҳиндӣ дар ҷараён аст.

Аммо бино ба омори расмӣ дар заминаи табодули коло ду кишвар дар соли равон пешрафт надоштаанд. Табодули мол миёни Ҳинд ва Тоҷикистон дар соли гузашта 31 миллион долларро ташкил дода ва дар 9 моҳи соли равон танҳо ҳаҷми тиҷорати мол миёни ду кишвар танҳо 3 миллион доллар баровард шудааст.

XS
SM
MD
LG