Пайвандҳои дастрасӣ

Руҳониён масҷид неву мактаб месозанд



Ҷалолиддини Фарҳодӣ

Дар ноҳияи Муминободи Хатлон 52 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ва 98 масҷиди ҷомеъ вуҷуд доранд.

Дар ноҳияи Муминобод муллоҳои масҷиди ҷомеъи Чашмаи Гул тасмим гирифтанд, ки барои кудакони худ як мактаб бунёд кунанд. Коршиносон мегуянд, эъмори макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ ҳамакнун дар манотиқи куҳманзар ба ҳукми анъана медарояд. Чанде қабл бо ибтикори Домулло Фахриддин - имом-хатиби масҷиди ҷомеъи Лижаки Муминобод дар ноҳия як мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ барои 120 хонанда ифтитоҳ ёфт.

Домулло Фахриддин мегуяд, қаблан муллоҳо танҳо масҷид месохтаанд, аз ҳисоби пули хайрияи мардуми маҳаллӣ ва намозгузорон. Бунёди масоҷид ҳануз дар замони бозсозии горбачёвӣ муд гардида буд, ва аз соли 1986 то ин ҷониб танҳо дар ноҳияи Муминобод ҳудуди сад масҷиди ҷомеъ эъмор ёфт.

Аммо тасмими муллоҳои масҷидро дар самти бунёди мактаб барои кӯдакон созмони байналмилали Каритаси Шветсария дастгирӣ кард. Домулло Фахриддин мегӯяд: "Ман чанд миқдор пуле, ки аз худам доштам, шахсан, қариб 4000 сомонӣ бештар, онро харҷ кардам. Ва аз ҷониби ҳукумати ноҳия каме ёрдаме шуд ва аз ҷониби ширкати ғайридавлатии КАРИТАС-и Шветсария, ки 13-14.000 сомонӣ ёрдам карданд, ҳамин мактабро сохтем."

Гуфта мешавад, дар Деҳаи Лижак ягон замон мактабу мадраса вуҷуд надоштааст ва аҳолии он қариб сар то сар бе хатту савод будаанд. Хонум Ниҳолбӣ як тан аз сокинони деҳа мегӯяд, ҳамаи 6 фарзанди ӯ савод надоранд. Сокинони бузургтари деҳа гумон аст, ки дигар соҳиби маълумот гарданд ва аммо хонум Ниҳолбӣ аз ду тифли хурдсоли худ, ки онҳоро ба маткаб додааст, чашми умед дорад, ки донишманд хоҳанд шуд.

Гулчеҳра, духтари 16 солаи ҳамин хонадон мегӯяд, сабаби асосии бесаводии ӯ ва дугонаҳояш адами мактаб дар деҳа будааст. Аммо ӯ шод аст, ки ҳадди ақалл хоҳарчаи 9 солааш имсол ба мактаб ба синфи 1 меравад:" Ман ҳам аз очам хоҳиш кардам, ки маро ба мактаб барад."

Мактаби таҳсилоти ҳамагонии деҳаи Лижак соҳиби 9 синфхонаи барҳаво аст. Кӯдакон аз деҳоти акноф ҳам то шурӯъи замистон ба ҳамин мактаб хоҳанд омад. Аммо дар мавзеъи кӯҳманзар баҳору замистон фаслҳои хеле серборону барфанд ва роҳи атфол ба ин даргоҳи дониш ба муддатҳо баста мегардад. Аз ин рӯ бо ибтикор ва пешниҳоди Домулло Фахриддин, ки ҳамакнун дар мавзеъ аз ӯ ҳамчун аз як қаҳрамони миллӣ ёдовар мешаванд, муллоҳои деҳоти атроф тасмим гирифтанд, ки аз эъмори масоҷид худдорӣ карда, ба бунёди мактабҳо шурӯъ кунанд.

Мактаби Домулло Фахриддин ягона мактабест, ки дар ноҳия онро аҳли тақво бунёд кардаанд. То ин руз муллоҳо масҷид месохтанд. Таносуби макотибу масоҷид хеле чашмрас аст. Дар баробари 52 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ дар Муминободи Хатлон 98 масҷиди ҷомеъ фаъолият дорад.

XS
SM
MD
LG