Пайвандҳои дастрасӣ

Дар қабзаи марги сафед



Ҷалолиддини Фарҳодӣ

"Ин галаро бубин, чӣ осуда мечарад."

Ахиран аз болохонаи бинои серошёнаи маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Кулоб ҷасади 2 мард ёфт гардид, ки тибқи иттилоъи расмии шуъбаи умури дохилаи шаҳр, онҳо аз истеъмоли барзиёди ҳероин фавтидаанд. Бошандагони бино аҷсоди Шуҳрат Шералиев, сокини маҳалла ва меҳмони у Бозор Абдуллоевро, ки гуфта мешавад, нашъаманд будаанд, шинохтанд.

Нуруллоҳ Сарахонов, корманди шуъбаи мубориза алайҳи нашъамандии ШУД дар суҳбат бо хабаргузориҳои маҳаллӣ гуфтааст, ин тули соли ҷорӣ шашумин ҳодисаи фавти муътодон дар Кулоб аст.

Ва аммо духтури равошнпизишк Саид Наврузов мегуяд, теъдоди нашъамандҳои аз истеъмоли барзиёди ҳероин фавтида бештар аст: "Ман дар айни ҳол дар даст далел дорам, ки сафи онҳое, ки аз истеъмоли ҳероин фавтидаанд, анча зиёдтар аст."

Аз ҷониби дигар, дар мавзеъ ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани мардон меафзояд. Аз ҷумла аз 25 нафаре, ки имсол ба ҷони худ қасд кардаанд, 13 нафари онҳо мард будаанд.

Саид Наврузов мегуяд, аксари ашхоси даст ба худкушӣ зада, дар собиқ ё размандагони Фронти Халқии Кулоб буданд ва ё бар асари ҷанги шаҳрвандӣ иллати равонӣ дидаанд. Табиби равоншинос меафзояд, барои рафъи ҳодисаҳои худкушӣ дар байни мардон бояд барои собиқ размандагон марокизи табобати равонӣ сохта мешуд.

Дар ҳамин маврид, аз теъдоди беш аз 1 000 нафар маризони рӯҳӣ, ки дар бемористони руҳии Кулоб шифо дидаанд, аксари онҳо зери тамғаи НФ, яъне Фронти Халқӣ номнавис шудаанд. Саид Наврузов мегуяд: "Роҳи халосӣ аз варта ба фикри ман ин аст, ки як комиссияи муайян ташкил карда, ҳамаи размандагонро мо бояд ташхис ва муайян кунем, ки онҳо ба бемории руҳӣ гирифторанд ё не. Онҳоро бояд муолиҷа кард. Сафи ин хел беморон зиёд аст. Бубинед, дар ҳуҷҷатгузории мо размандагони собиқ бо ҳарфҳои НФ, яъне бо русӣ "Народний Фронт" номнавис шудаанд."

Дар мавриде, ки духтурони нарколог аз афзоиши теъдоди нашъамандон дар минтақа бонги изтироб мезананд, омори расмӣ шумораи онҳоро аз 76 нафар беш намедонад. Аммо ҳамин омор мегуяд, ки аз 76 муътод тули сол 6 нафар ё худ ҳар нафари 13-уми онҳо фавтидааст.

XS
SM
MD
LG