Пайвандҳои дастрасӣ

Вазирони кишоварзӣ ба Душанбе омаданд



Радиои Озодӣ



Кишварҳои ҷомеаи муштаракулманофеъ нияти бунёди низоми ягона ва ҳамоҳангшудаи бозори кишоварзиро доранд. Ин изҳороти вазири кишоварзии Русия, Алексей Гордеев аст, ки қабл аз сафараш ба Душанбе баён дошт.

Рузи 5 октябр дар Душанбе Шурои байнидавлатии сиёсати кишоварзии ин давлатҳо баргузор мегардад ва ин масъала яке аз масоили баҳси он аст. Ба гуфтаи Гордеев, тарҳи бозори ягона аз ҷониби олимони рус ва ҳамкорони онҳо аз кишварҳои минтақа таҳия шудааст ва барои баррасӣ то ба сатҳи раисони давлатҳо бароварда хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG