Пайвандҳои дастрасӣ

Мансур Валиев ба Маскав баргашт



Мирзонабии Холиқзод



Мансур Валиев - муовини аввали фармондеҳи Хадамоти Федералии Марзбонии Русия, ки тайи як сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, 3-уми ноябр ба қасди Маскав Душанберо тарк кард.

Тибқи иттилоъи дафтари матбуоти Неруҳои Марзбонии Русия дар Тоҷикистон, ҳадафи аслии сафари генерал Мансур Валиев муаррифии фармондеҳи нави намояндагии марзбонии Русия дар Тоҷикистон Александр Баранов ба сарбозони Неруи Марзбонии Русия ва мақомоти қудратии Тоҷикистон буд. Александр Баранов дар вазифаи фармондеҳи Неруҳои Марзбонии Русия дар Тоҷикистон генерали дигари рус Александр Маркинро иваз намуд.

Таъйини фармондеҳи нави Неруҳои Марзбонии Русия дар Тоҷикистон аз ҷониби перзиденти он кишвар Владимир Путин дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон барои баррасии созишномаи байниҳукуматии дуҷонибаро дар масъалаи идомаи ҳузури марзбонони Русия дар Тоҷикистон як комиссия таъсис додааст.

Дар моҳи майи соли равон муҳлати созишномаи 10 солаи Русияву Тоҷикистон дар масъалаи аз ҷониби марзбонони Русия назорат бурдани марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон ба поён расид.

Ахиран, муовини аввали раиси Кумитаи марзбонии Тоҷикистон Нуралишо Назаров ба Радиои Озодӣ изҳор дошта буд, ки марзбонони тоҷик аз уҳдаи назорати марзҳои Тоҷикистон мебароянд ва ниёз ба марзбонони Русия нест.

Масъули дафтари матбуоти Неруҳои Марзбонии Русия дар Тоҷикистон Александр Кондратев мегуяд, миёни Тоҷикистону Русия дар масъалаи ҳузури марзбонони Русия дар ин кишвар ҳеҷгуна ихтилофи назар вуҷуд надорад: Марзбонони Русия ва Тоҷикситон дар якҷоягӣ марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистонр ҳифозат менамоянд ва бояд бигуям, ки дар ин самт ҳеҷ гуна нофаҳмӣ вуҷуд надорад ва гузашта аз он кори якҷояи мо пурсамар ҳам сурат мегирад. Илова ба ин мувофиқи фармони президент Раҳмонов чанд гуруҳи зудамали марзбонии тоҷик дар ҳайъати Неруҳои Марзбонии Русия фаъолият дорад.

Тибқи иттилоъи Кумитаи марзбонии Тоҷикистон аз таъсиси комиссия дар масъалаи созишномаи байниҳукуматӣ роҷеъ ба идомаи ҳузури марзбонони Русия дар Тоҷикистон якуним моҳ гузашта бошад ҳам, аммо он ҳануз ба кор шуруъ накардааст.

XS
SM
MD
LG