Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ай Эм Эф боз ба Тоҷикистон қарз медиҳад



Тоҳири Сафар



Сандуқи Байналмиллалии Пул эълон кард, ки соли оянда ба хотири мусоидат дар коҳиши фақр, ба Тоҷикистон 21 миллион доллар қарз медиҳад. Дар ин бора пас аз омузиши вазъи иқтисодии Тоҷикистон дар се моҳи ахир раҳбари ҳайъати созмони молиявии мазкур Роберт Кристиансен хабар дод.

Ҳайъати вай аз 23 то 31 октябр дар Тоҷикистон фаъолият дошт. Роберт Кристиансен рузи душанбе ба хабарнигорон гуфт, соли равон ҳукумати Тоҷикистон мутобиқи барномаи коҳиши фақр кор карда, дастовардҳои иқтисодие доштааст.

Аммо гуфт у, барномаҳои пешбинишуда дар ислоҳи низоми бонкӣ ва соҳаи энергетика амалӣ нашуданд. Намояндагони Сандуқи Байналмилаллии Пул бо ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин қарзи миёншикани хоҷагиҳои давлатии кишоварзиро баррасӣ кардааст, ки ба навиштаи хабаргузории "Интерфакс" ба 250 миллион доллар мерасад. Ба гуфтаи Роберт Кристиансен қарзи хориҷии Тоҷикистон дар охири соли 2002, 975 миллион долларро ташкил медод.

XS
SM
MD
LG