Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳи Гуруҳи Марзбонии Русия иваз шуд



Тоҳири Сафар



Рузи якшанбе вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев бо фармондеҳи тозаинтихоби Гуруҳи Марзбонии Русия дар Тоҷикистон Александр Баранов амнияти минтақавӣ ва вазъи феълии марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ кардааст.

Дар ин мулоқот зикр шудааст, ки бо вуҷуди беҳбудӣ дар вазъи амниятии Афғонистон қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба Тоҷикистон коҳиш наёфтааст.

Генерал-майор Александр Баранов ба ҷойи Александр Маркин фармондеҳи нави Гуруҳи Марзбонии Русия дар Тоҷикистон таъйин шудааст.

XS
SM
MD
LG