Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳзоби ноумедшуда ва нигарон



Мирзонабии Холиқзод

Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон мегӯянд, парлумони кишвар барқасдона дар қабули тарҳи нави Қонуни Интихобот ба Маҷлиси Олӣ таъхир мекунад.

Панҷ ҳизби сиёсии расмии Тоҷикистон ба истиснои Ҳизби Халқӣ-Демократӣ дар як мизигирд дар мавзуи аҳзоби сиёсӣ дар пешорӯи интихоботи парлумон, ки дар шаҳри Душанбе 31 октябр баргузор шуд, аз таъхир дар қабули тарҳи нави Қонуни интихоботи Маҷлиси Олии кишвар изҳори нигаронӣ карданд.

Ин мизигирд бо кушиши Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Идораи мусоидат ба сулҳи Миллали Муттаҳид дар Душанбе ва Шӯрои ҷамъиятии ҷумҳурӣ ташкил шуд. Дар он ҳамчунин коршиносони масоили сиёсии Тоҷикистон ширкат доштанд.

Ба назари намояндагони аҳзоби Тоҷикистон, ҷониби ҳукумати кишвар ва ё Ҳизби Халқӣ-Демократӣ, ки роҳбараш президент Эмомалӣ Раҳмонов мебошад, ҷонибдори ин нест, ки тарҳи нави Қонуни интихоботи Маҷлиси Олӣ дар Маҷлиси Намояндагон қабул гардад ва бар асоси он интихоботи ояндаи парлумон сурат гирад.

Ба назари намояндаи Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон қонуни феълии интихоботӣ дар маъракаҳои интихоботӣ гузашта нишон дод, ки такмилнаёфта буда, боисии таққалубу суйистифода аз тарафи ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ҳизби ҳоким дар интихоботҳои гузашта шуд.

Муҳаммадалии Ҳаит узви раёсати Ҳизби Наҳзати Ислом мегуяд: "Лоиҳаи мазкур он аст, ки интихобот ба ҳолати иҷтимоӣ оварда мешавад. Яъне дахолати ҳокимият аз боло то поин мамнӯъ эълон шудааст. Намояндагии аҳзоби сиёсӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ ва ҳатто Комиссияи марказии интихобот бояд баробар бошад. Мо он тарҳро ба гурӯҳи худамон дар парлумон додем, онро Ҳизби Коммунист ҳам пешниҳод карданд. Ягона ҳизбе, ки ба он тарҳ ва бо фориғболӣ ба гуруҳи баррасикунанда назар мекард, Ҳизби Халқӣ-Демократӣ буд."

Аммо намояндаи Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон - раиси дастгоҳи ҳизби мазкур - Мӯсо Асозода мегӯяд, узви комиссия баррасии тарҳи нави қонуни интихобот буд ва пешниҳодоти ин ҳизбро ба фраксияи Ҳизби Халқӣ-Демократӣ дар Маҷлиси Намояндагон пешниҳод кардааст. Аммо аз сӯҳбати оқои Асозода рӯшан мешавад, ки дар баъзе мавридҳо нисбати тарҳи нави қонун, Ҳизби Халқӣ- Демократӣ тарафдор нест ва тарафдорӣ намекунад: "Мо мегӯем, ки афзоиш додани шумораи депутатҳо ба 120 нафар афзуда шавад, мо тарҳро баррасӣ кардем. Вале дар бархе маврид мо мухолиф ҳастем."

Аммо дар маҷмӯъ аҳзоби сиёсии кишвар ба ин назаранд, ки танҳо дар сурати қабули тарҳи нави қонуни интихобот маъракаҳои ояндаи интихобот дар Тоҷикистон мунсифона сурат хоҳанд гирифт.

Раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон Маҳмадрузӣ Искандаров дар робита ба ин мегуяд: "Агар ин қонун қабул шавад, интихобот хеле демократӣ ва шафоф хоҳад шуд. Якум дар участкаҳои интихоботӣ аъзои аҳзоби сиёсӣ иштирок ва аз болои ҳамдигар назорат мекунанд, ки ба таққалубкорӣ роҳ дода нашавад."

Ҳизби дигар Ҳизби Коммунист мегӯяд, дар қабули ин тарҳ таъхир ба назар мерасад ва агар ин тарҳ сари вақт аз тарафи Маҷлиси Намояндагон қабул нагардад, аз интихоботҳои оянда умеди нек интизор набояд шуд: "Ин қонун ба осонӣ намегузарад, чунки манфиати ба чанд қишри ҳокимияти давлатӣ аз поён ба боло таъсири бисёр амиқ мерасонад. Аз ин интихобот тарсидан даркор нест, агар ин интихобот дуруст гузарад, авзои сиёсиву иқтисодии Тоҷикистони мо хуб мешавад."

Ба хотири бозбинӣ ва ворид намудани иловаҳо ба Қонуни интихобот ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон, бо кӯшиши Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо соли гузашта як комиссия таъсис дода шуд ва ба он намояндагони аҳзоби сиёсӣ вакилони Маҷлиси Намояндагон ва коршиносони дохилию байналмиллалӣ ҷалб карда шуданд. Аммо намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва коршиносон мегӯянд, азбаски Ҳизби Халқӣ-Демократӣ ба ҳамаи пешниҳодҳо розӣ нест ва ба баъзе нуктаҳои он мухолифат дорад ва 80 дар сади овозҳоро дар Маҷлиси Намояндагон соҳиб аст, гумон аст, ки тарҳи нави қонуни интихобот қабул шавад.

XS
SM
MD
LG