Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи парвандаи Ҷамшед Сиёев хотима ёфт



Абдуқайюми Қайюмзод



Додситони Кулли Тоҷикистон тафтишоти парвандаи ҷиноии Ҷамшед Сиёев - раиси ширкати "Ҷамол-компания"-ро ба поён бурд ва барои муҳокима ба Додгоҳи Олии кишвар супурд.

Тибқи иттиллоъи Додситонии Кулли кишвар раиси ширкати Ҷамол, Ҷамшед Сиёев, муовини вай Зафар Камолов ва сармуҳосиби ин ширкат Виктор Сой дар анҷоми муомилоти ғайриқонунӣ бо шаҳрвандон ва даст задан бо фаъолияти бонкии бидуни иҷозаи махсус ва аз худсозии маболиғи аҳолӣ мутаҳҳам дониста шудааст.

Аммо Иброҳим Кимсанов - вакили мудофиаи раиси ширкати "Ҷамол-компания" - гуфт, иттиҳомоти эъломшуда нисбати нафари зери ҳимояти вайро танҳо додгоҳ метавонад муайян ва тасдиқ кунад. Оқои Кимсанов гуфт, ки вай дар ҷараёни ҳамаи бозпурсии Ҷамшед Сиёев аз сӯи муфаттишони додситонӣ, иштирок кардааст.

Ёдовар мешавем ширкати "Ҷамол-компания" аз дар вазорати адлияи кишвар сабти ном шуда ва аз моҳи марти соли 2003 дар шаҳри Душанбе ва ҳамзамон дар 12 навоҳии атрофи пойтахт ва вилояти Хатлон ба харидуфурӯш ва ё тиҷорати мӯҳра машғул буд. Аммо тибқи дастури додситони кулли кишвар раиси ширкат дар таърихи 15 августи соли равон боздошт ва фаъолияти ин ширкат ғайриқонунӣ эълом шуд.

Бар пояи маълумоти додситонӣ, дар сурати тасдиқи далоил ва мадракоти тафтишот дар Додгоҳи Олӣ Ҷамшед Сиёев ба мӯҳлати аз 5 то 10 сол аз озодӣ маҳрум хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG