Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Боао аз Тоҷикистон суҳбат шудааст



Мирзои Салимпур



Бино ба хабари ожонсии"Интерфакс", сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Бахтиёр Абдуллоев истифодаи муштараки манобеъи оби Тоҷикистонро аз риштаҳои авлавиятнок дар роҳи тавсиъаи равобити иқтисодиву тиҷоратии Душанбеву Пекин номидааст.

Бахтиёр Абдуллоев, ки дар нишасти иқтисодии Осиё дар Боао суханронӣ мекард, гуфт, Тоҷикистон аз лиҳози манобеъи нируи барқи обӣ дар ҷаҳон ҷойи ҳаштум ва дар минтақа дар мақоми дуввум аст. Вай афзуд, имконоти Тоҷикистон қобили тавлиди солонаи 500 миллиард киловатт-соат нируи барқ буда, феълан танҳо 3-3,5 дар сади ин имконот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Як риштаи дигар барои ҳамкории Тоҷикистону Чин, ба ақидаи Баҳодур Абдуллоев, ташкили зербинои воҳиди нақлиётӣ аст ва намунаи чунин ҳамкориро метавон пас аз мавриди истифода қарор додани шоҳроҳи Мурғоб-Қулма ва ба шоҳроҳи Қароқурум пайвастани ин масир роҳандозӣ кард.

Оқои Абдуллоев ҳамчунин мушорикати Душанбеву Пекин дар риштаҳои истихроҷи маъдан, навсозии корхонаҳои саноатии Тоҷикистон, коркарди пахтаву маҳсулоти кишоварзӣ ва дар риштаҳои мухобироту сайёҳатро боаҳамият арзёбӣ кардааст.

Сафири Тоҷикистон гуфт, Чину Тоҷикистонро на танҳо марзҳои мустақиму решаҳои таърихӣ ва Роҳи Бузурги Абрешим, балки ҳамкориҳои танготанги сиёсиву иқтисодиву фарҳангии онҳо дар чавкоти Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба ҳам бастагӣ медиҳанд.

XS
SM
MD
LG