Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Марзбонон корманди милисаро латукӯб карданд



Мирзоҷалоли Шоҳҷамол



Дар маҳаллаи Ёмҷи деҳшӯрои Поршневи Бадахшон дар назди қароргоҳи сарҳадӣ корманди милиса, лейтенанти калон Олим Соҳибназаров аз ҷониби марзбонони рус латукӯб шудааст. Пизишки шӯъбаи осебшиносии шифохонаи вилоятӣ Шерзамон Ҳақдодов ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, осебдида бо нишонаҳои шикастани устухон дар якчанд ҷойи бадан, ба шифохона оварда шуда, ҳолати бемор вазнини миёна арзёбӣ мешавад.

Ба гуфтаи Олим Соҳибназаров, шоми 22 октябр ҳангоме, ки вай бо ду нафар ҳамроҳонаш мошинсавор ба хона бармегашт, дар назди қароргоҳи марзбонони рус дар деҳаи Ёмҷ ду автомашинаи бо рақамҳои ҷумҳурии Тоҷикистон истода ва посгоҳи сари роҳ гузоштаро, ки қаблан бардошта шуда буд, дид ва чун корманди Бозрасии Давлатии Автомобилӣ барои таҳқиқи ҳодиса аз автомашина берун шуда, бо марзбонон ҳамсӯҳбат шуд.

Аммо пурсуҷӯи корманди милиса ба марзбонон хуш наомада, онро вайро латукӯб кардаанд. Кӯшиши хабарнигорон барои дарёфти нуқтаи назари марзбонони рус дар ин минтақа оиди ҳодиса номуваффақ анҷом ёфт. Додситонии ноҳияи Шуғнон дар робита ба ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

XS
SM
MD
LG