Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба Осиёи Марказӣ кӣ ва чӣ таҳдид мекунад?



Мирзои Салимпур



Элизабет Ҷонс, масъули сиёсати Осиёи Марказӣ дар Департаменти давлатии Амрико рузи чоршанбе, 29 октябр гуфт, Вошингтон дар роҳи мубориза бо терроризм ва тундравии мазҳабӣ дар ин минтақа бо таҳдидҳои афзояндае рубару мебошад.

Хонум Ҷонс, ки дар зеркумитаи Ховари Миёна ва Осиёи Марказии Сенати ИМА суҳбат мекард, фаъолияти Ҳаракати Исломии Узбакистон ва Ҳизб-ут-Таҳрирро аз умдатарин таҳдидҳо дар Осиёи Марказӣ ном бурд ва гуфт, Ҳаракати Исломии Узбакистон талош дорад режимҳои ҳоким дар минтақаро ба хотири таъсиси давлатҳои исломӣ сарнагун кунад ва Ҳизб-ут-Таҳрир ҳам як созмони ба гуфтаи вай "саропо зиддиғарбӣ" аст, ки ҳамлаҳои алайҳи сарбозони амрикоӣ дар Ироқро ситоиш мекунад.

Элизабет Ҷонс аз ҷумла гуфт: "Терроризм барои ин минтақа ба маҳзи Афғонистон ва ба маҳзи наздик будани Афғонистон як масъалаи ҷиддӣ аст. Тавре медонед, Ҳаракати Исломии Узбакистон дар ин минтақа фаъолият мекард. Аз он давра, ки раҳбари ин созмон Намангонӣ дар оғози амалиёти "Озодии Доимӣ" кушта шуд, вақти зиёде гузаштааст, аммо ин ҳам дуруст аст, ки Ҳаракати Исломии Узбакистон дар минтақа, ба вижа дар Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистон ва Қазоқистон, ҳамчунон фаъол боқӣ мондааст. Ва ин барои минтақа ва ба ин ваҷҳ барои манофеъи мо хатари ҷиддие ба бор меорад."

Элизабет Ҷонс гуфт, Вошингтон дар роҳи мағлуб кардани гуруҳҳои тундрав ва ҳам барои таҳқиқи шароите, ки боиси зуҳури чунин ҳаракатҳо мешавад, бо давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҳамкории танготанг кор мегирад. Хонум Ҷонс афзуд, Амрико ба ин кишварҳо дар ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави кор, беҳтар сохтани шароити беҳдошт ва коҳиш додани сиёсати таъқиботии давлатҳои вақти Осиёи Марказӣ кумак карда, бо ин роҳ аз гароиши мардуми минтақа ба ақидаҳои тундравона пешгирӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG