Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон аз Индонезия ҳимоят хостааст



Мирзои Салимпур



Эмомалӣ Раҳмонов, президенти Тоҷикистон дар як нишасти муштараки хабарӣ пас аз анҷоми музокирот бо ҳамтои индонезиаш Мегавати Сукарнопутри дар Ҷакарта барқарории ҳар чӣ зудтари истиқлолияти Ироқ ва ташкили як ҳукумати фарогир дар он кишварро дар роҳи оддӣ кардани вазъи Ироқ иқдоме муассир номид. Оқои Раҳмонов гуфт, аз фаъолтар сохтани нақши Созмони Милал дар ҷараёни эъмори баъдиҷангии Ироқ ҳимоят мекунад.

Мегавати Сукарнопутри ба думбол гуфт, масоили Ироқ ва Афғонистону Фаластин бояд ҳатман дар чаҳорчуби Созмони Милал ҳалл шаванд.

Ду раҳбар ҳамчунин изҳор намуданд, ки ғояҳои терроризм ва тундгароӣ пеш аз ҳама дар ҷомиаҳои фақиру нодор зуҳур мекунанд ва ҳалли ин масоил бояд дар бастагӣ бо ҳам сурат бигард.

Тоҷикистону Индонезия пиромуни муборизаи муштарак алайҳи терроризм ва қочоқи маводи мухаддир ба якдигар аҳди ҳамкорӣ доданд. Эмомалӣ Раҳмонов қочоқи маводи мухаддирро як манбаъи асосии таъмини молии фаъолиятҳои террористӣ арзёбӣ намуда, хостори ҳимоят ва пуштибонии Индонезия аз пешниҳоди Душанбе дар бораи таъсиси як эътилофи ҷаҳонии мубориза бо маводи мухаддир шуд.

XS
SM
MD
LG