Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Болоравии нархи бензин дар Тоҷикистон



Ҳумоюни Шаҳриёр

Ва дар пайи он боло рафтани қиммати ҳама чиз.

Як сомониву панҷоҳ дирам ё 50 сент барои як литр бензини А- 95 ҳаракати мошинҳо махсусан нақлиёти мусофирбарро дар хиёбонҳои пойтахти кишвар коҳиш додааст. Нархи ба қавли мошиндорон гарони бензин ҳамчунин боиси боло рафтани роҳкирои таксиҳо низ гаштааст.

Идибек Азизов - як тан ронандаи таксӣ мегӯяд, дар натиҷаи аз ноилоҷӣ боло бурдани роҳкирои таксӣ шумори мизоҷони бе ин ҳам кам боз кам шудааст: "Қиммати бензинро, ки боло бурданд, ҳаққи кори мо ҳам гаронтар мешавад. Бо қиммати шудани роҳкирои таксӣ низ шумораи мизоҷони мо кам шуданд."

Аксари ронандагон, соҳибони нуқтаҳои бензинфуруширо омили болоравии нархи бензин медонанд. Мо бо чанде аз фурушандагони нуқтаҳои бензинфурушӣ ҳамсӯҳбат шудем ва вазъи ба амаломадаро пурсон шудем. Онҳо гуиё қаблан тавофуқ карда бошанд, як хел посух медоданд. Мо намедонем, инро аз раисамон пурсидан даркор. Раисони ин нуқтаҳо ба гуфти кормандонашон ё дар хориҷаанд ва ё табиист, ки ба кормандонашон оиди кай омадану куҷо рафтанашон ахборот намедиҳанд. Ба ҳар ҳол, барои посух ба суоли чаро нархи бензин боло рафтааст, ман ба кумитаи "Нафтрасон" муроҷиат намудам.

Леонтий Ян - ноиби раиси ин кумита гуфт, маводи нафтӣ, аз ҷумла бензин ба Тоҷикистон аслан аз ҷамоҳири ҳамсоя ба мисли Узбакистону Туркманистон ва Қазоқистон ворид карда мешавад. Бо фарорасии мавсими ҷамъоварии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давлатҳо эҳтиёҷ ба маводи сӯхт меафзояд. Аз ин ру, нархи маводи сӯхт дар худи кишварҳои содиркунандаи он боло меравад ва бо назардошти маблағи дар раҳ масрафшавандаву хароҷоти гумрукӣ қиммати он дар Тоҷикистон низ боло меравад.

Ҷаноби Ян мегуяд: "Нархи бензин ба нархи нафт вобаста аст. Ва аммо нархи нафт дар ин авохир боло меравад. Дар ҳоли ҳозир қиммати як баррели нафт ҳудуди сӣ доллар аст. Ба ҷумҳури бензинро аслан соҳибкорон меоранд. Бо дидани камчинии бензин, масрафи роҳ ва хароҷоти гумруки онҳо нархи бензинро ба ин сатҳ бардоштаанд."

Леонтий Ян афзуд, ширкати "Нафтрасон" низ ба Тоҷикистон маводи сӯхт ворид месозад, аммо бахши аъзами маводи сӯхте ки ворид мешавад аз ҷониби соҳибкорон аст. Аз ин рӯ, хӯҷаини нарху навои бозори озод камбуд ва ё афзунии мавод мегардад. Ҷаноби Ян гуфт, давоми нӯҳ моҳи гузаштаи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон беш аз яксаду сенздаҳ ҳазор тонна бензин ворид шудааст.

Вай афуд, болоравии нархи бензин муваққатӣ мебошад ва ноиби раиси ширкати "Нафтрасон" гаронии ҳозираи нархи бензинро ҳодисаи ғайримуқаррарӣ намедонад. Ӯ мегӯяд, бо интиҳои мавсими ҷамъоварии ҳосил дар давлатҳои ҳамсояи Тоҷикистон, коҳиши ниёз ба маводи сӯхт дар он кишварҳо ва афзоиши воридот қиммати бензин метавонад, боз поин равад.

Аммо дар ҳоли ҳозир, ки мавсими ҷаъоварии ҳосил барои зимистон аст пахта, картошка, пиёз ва дигар маводи зарурӣ бо мошинҳо аз ноҳияҳо ба марказ оварда мешаванд ва барои ин маводи сӯхт лозим меояд. Яке аз сабабҳои дар бозорҳои пойтахт гарон шудани нархи маҳсулот аз ҷумлаи сабзиҷоту меваҷот бо нархи бензин бастагӣ доштааст.

XS
SM
MD
LG