Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маркази бозрасии аслиҳа таъсис меёбад



Мирзонабии Холиқзод



Вазорати дифоъи Фаронса изҳори омодагӣ намуд, ки ҳамроҳ бо вазорати дифоъи Тоҷикистон як маркази омузишии таслиҳоти оддӣ дар ин кишвар созмон диҳад. Ин мавзӯъ дар нишасти фармондеҳи ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Фаронса Анрӣ Бентеҷа бо раиси ситоди вазорати дифоъи Тоҷикистон Рамил Нодиров баррасӣ шуд.

Субҳи чоршанбе Анрӣ Бентеҷа бо ҳавопаймои вазорати дифоъи Фаронса дар роҳи сафараш ба Афғонистон дар шаҳри Душанбе фуруд омад ва роҷеъ ба густариши бештари ҳамкориҳои дуҷониба байни Фаронсаву Тоҷикистон бо намояндагони вазорати дифоъи ин кишвар мулоқот намуд. Масъули дафтари матбуоти вазорати дифоъи Тоҷикистон Зарробиддин Сироҷов мегуяд: "Ҷониби Фаронса ният дорад, ки дар тоза кардани ҳудуди Тоҷикистон аз минаҳо кумак расонанд ва ҳамчунин тасмим гирифтаанд, дар бунёди як маркази верификатсионӣ, яъне маркази барои омода кардани мутахассисони байналмилаллии соҳаи бозрасии аслиҳаи оддӣ кумак расонанд."

Бино ба иттилоъи вазорати дифоъи Тоҷикистон, бар асоси қавонини байналмиллалӣ ҳар кишвар ҳақ дорад, аслиҳаи оддии кишвари дигарро бозрасӣ кунад. То кунун аз давлатҳои дигар барои ин масъала ба Тоҷикистон меомаданд, аммо бинобар ин ки Тоҷикистон мутаххасиси маркази бозрасии таслиҳоти оддиро надошт, наметавонист аслиҳои оддии кишварҳои дигарро бозрасӣ кунад.

Акнун бо кумаки вазорати дифоъи Фаронса Тоҷикистон чунин марказро созмон дода мутаххасисони ҳамин соҳаро омода мекунад. Ҳамчунин вазорати дифоъи Фаронса аз тариқи Маркази миллии минарубии Тоҷикистон дар роҳи барчидани минаҳо дар манотиқи Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG