Пайвандҳои дастрасӣ

Низоми додани раводидро сабук карданд



Мирзонабии Холиқзод



Ҳукумати Тоҷикистон ба манзури равуои ҳарчӣ бештари соҳибкорон, сармоягузорон ва тоҷирони Иёлоти Муттаҳида, Ҷопон ва кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ба ин кишвар қарори махсус ҷиҳати сабукгардонии раводид ё виза ба судур расонид.

Мувофиқи қарори ҳукумати Тоҷикистон муқарароти виза барои шаҳрвандони Амрико, Ҷопон ва кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо осонтар гардонда шудааст. Агар қаблан шаҳрванди Амрико барои сафар ба Тоҷикистон бо мактуби расмӣ ба консулгарии ин кишвар муроҷиат мекард ва дар зарфи беш аз як моҳ сафорати Тоҷикистон визаро омода мекард, акнун бидуни мактуби расмӣ дар зарфи на камтар аз се руз раводид дода мешавад.

Вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон низ аз судури ин қарор истиқбол намуда гуфт, Иёлоти Мутаҳиддаи Амрико, Ҷопон ва кишварҳои узви Итиҳодияи Аврупо сармоягузорони асосии иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб мешаванд ва ба амал омадани ин қарор ба суди ин кишвар хоҳад буд.

Бар асоси иттилоъи вазорати хориҷаи Тоҷикистон, дар гузашта пас аз ҳодисаи 11 сентябр ва шуруъи амалиёти зиддитеррор дар Афғонистон, Тоҷикистон дар ҳуҷҷатгузориҳои консулии худ дар масъалаи виза сабукиҳо ворид намуда буд. Яке аз ин сабукиҳо агар шаҳрванди кишваре, ки дар он ҷо Тоҷикистон сафоратхона ё консулгарӣ надошта бошад, метавонад ба Тоҷикистон сафар кунад ва дар фурудгоҳҳои он соҳиби виза шавад.

XS
SM
MD
LG