Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти ЕвразЭС дар Маскав доир шуд



Мирзои Салимпур



Нишасти сарвазирони кишварҳои узви Ҷомиаи иқтисодии АвроОсиё ё худ ЕвразЭС дар шаҳри Маскав бо имзои 4 санад ба пойин расид.

Нахуствазирони Русияву Беларус, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон дар ин ҷаласа тартиби воҳиди назорати фаъолиятҳои содиротӣ, санади ҳамкорӣ дар риштаи китобхонаҳо, ҳамчунин тартиби истифода аз сиёсатҳои зиддидемпингиро дар қаламрави ин созмон муайян карданд.

Дар сатҳи коршиносон протокол дар бораи тартиби озоди равуои шаҳрвандон байни кишварҳои узви ЕвразЭС низ баррасӣ ва қабул шудааст.

Санади дигари батасвибрасида дар мулоқоти Маскав барномаи рушди Ҷомиаи Иқтисодии АвроОсиё барои солҳои 2003-2006 буд. Аммо бино бар хабари ожонсии ИТАР-ТАСС, ҳайъати Беларус аз имзои тарҳи ниҳоии ин Барнома худдорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG