Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмонов бо Сукарнопутрӣ мулоқот кард



Искандари Хоҷа Мирзода



Рузи сешанбе, 28 октябр дар шаҳри Ҷакарта раҳбарони Индонезияву Тоҷикистон Мегаватӣ Сукарнопутрӣ ва Эмомалӣ Раҳмонов ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷориву иқтисодӣ ва фарҳангиро баррасӣ карданд. Эмомалӣ Раҳмонов дар раъси як ҳайъати расмии Тоҷикистон ба Индонезия сафар намудааст. Дар суҳбати рубару, сарони ду кишвар масъалаи Афғонистон ва мубориза бо терроризмро арзёбӣ намуданд.

Сипас ҳайъатҳои ду кишвар 8 созишномаи байнидавлатиро ба имзо расониданд, ки ташкили комиссияи байнидавлатии тараққии ҳамкориҳо, ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ, пуштибонӣ аз сармоягузориҳои дутарафа ва эъломияи усули равобити миёни ду кишварро дар бар мегиранд.

Баъди сафари расмии Индонезия, Эмомалӣ Раҳмонов озими Чин хоҳад шуд ва 2-3 ноябр дар Форуми иқтисодии Осиё иштирок хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG