Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додрасҳои тоҷик либоси махсус мепушанд



Мирзонабии Холиқзод



Аз ин ба баъд додрасҳои тоҷик мурофиаҳои судиро либоси махсус, яъне монте ба бар ва кулоҳи сиёҳи чаҳоргӯша ба сар пеш мебаранд. Аввалин бор додраси ноҳияи Роҳи Оҳани шаҳри Душанбе ба ҳангоми пешбурди муҳокимаи як ҷавон, ки ба дуздии моликияти шахсӣ муттаҳам мешуд, ин либосро ба бар кард.

Раиси Додгоҳи Иқтисодии Тоҷикистон Убайдулло Давлатов мегуяд, дар мурофиаҳо бо либоси махсуси додрасӣ нишастани судя дар қонунҳои Тоҷикистон ҳаст ва он бояд риоя шавад: "Дар қонунҳои ҳаст, ки судя бояд либоси махсуси судӣ дошта бошад. Ин кор тамоми дунё роиҷ аст."

Вале оё бо талаботи байналмиллал ҷавобгӯ шудани зоҳири додрасҳои тоҷик ба он маъно мебошад, ки мурофиаҳо ва баррасии парвандаҳо, муҳокимаҳо ва масоили дигари додгоҳӣ бар асоси муқаррароти байналиллал сурат гирад.

Ба ақидаи коршиноси тоҷик Латиф Ҳадязода, то замоне, ки шохаҳои қонунгузорӣ дар кишвар мустақил нагарданд, баррасии парвандаҳо одилона ва мунсифона сурат нахохад гирифт. Вай мегуяд пушидани як либос ва ба сар мондани як кулоҳ маънии онро надорад, ки системаи судӣ дар Тоҷикистон тағйир ёфта бошад."

Ба эътиқоди коршиносон, низоми додгоҳӣ дар Тоҷикистон ба ҳайси як шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ устувор нашудааст, зеро то ҳоли ҳозир додситонӣ, ки як ниҳоди иҷроиявист, салоҳияти назорат аз болои кори додгоҳҳоро дар ихтиёр дорад.

Тафсилот дар гушаи Гузоришҳо

XS
SM
MD
LG