Пайвандҳои дастрасӣ

Нақши либос дар адолати додгоҳӣ



Мирзонабии Холиқзод

Аз ин баъд додрасҳои тоҷик хилъат ба бар ва кулоҳ ба сар мурофиаҳоро пеш хоҳанд бурд.

Аз ин ба баъд додрасҳои тоҷик мурофиаҳои судиро дар либоси махсус, яъне монте ба бар ва кулоҳи сиёҳи чаҳоргӯша ба сар пеш мебаранд. Аввалин бор додраси ноҳияи Роҳи Оҳани шаҳри Душанбе ба ҳангоми пешбурди муҳокимаи як ҷавон, ки ба дуздии моликияти шахсӣ муттаҳам мешуд, ин либосро ба бар кард.

Раиси Додгоҳи Иқтисодии Тоҷикистон Убайдулло Давлатов мегуяд, дар мурофиаҳо бо либоси махсуси додрасӣ нишастани судя дар қонунҳои Тоҷикистон ҳаст ва он бояд риоя шавад: "Дар қонунҳо ҳаст, ки судя бояд либоси махсуси судӣ дошта бошад. Ин кор дар тамоми дунё роиҷ аст."

Вале оё бо талаботи байналмилалӣ ҷавобгу шудани зоҳири додрасҳои тоҷик ба он маъно мебошад, ки мурофиаҳо ва баррасии парвандаҳо, муҳокимаҳо ва масоили дигари додгоҳӣ бар асоси муқаррароти байналиллал сурат гирад. Оё ба ин суол метавон ба таври мусбат посух дод? Аз посух ба ин суол додгустарҳо ва кормандони дигари додгоҳҳои Тоҷикистон худдорӣ мекунанд. Онҳо мегуянд, то кунун парвандаҳо ва муҳокимаҳо ғайриқонунӣ ва ноодилона сурат нагирифтаанд.

Аммо коршиносон ва ҳуқуқшиносони мустқил чунин иддаои додрасҳоро рад мекунанд. Онҳо мегуянд, баррасии парвандаҳо дар аксари маврид ғайриодилона сурат мегирад, ки шаҳрвандон ғайриқонунӣ ба марг ва ба маҳрумият аз озодӣ маҳкум мешаванд.

Коршиноси масоили хуқуқӣ Шокирҷон Ҳакимов дар ин робита мегуяд: "Таҳқиқоти созмонҳои мустақил ва хориҷӣ нишон додааст, ки то моҳиятан баррасӣ шудани парвандаҳои ҷиноятӣ ва ё шаҳрвандӣ, муттаҳамон ба шиканҷа ва амалҳои дигари ғайриқонунӣ гирифтор мешаванд. Нақши адвокатҳо низ дар мурофиаҳои судӣ то як андоза пурзур нашудааст. Ва инчунин салоҳияти бештар ба мақомоти прокуратура дода шудааст, на ба мақомоти судӣ. Воқеан агар мо хоҳем, дар низоми ҳокимият, низоми судӣ як мақоми шоиста ва сазоворро дошта бошад ва мустақил гардад, бояд он чиро ки гуфтем, амалӣ намоем."

Ба ақидаи коршиноси дигари тоҷик Латиф Ҳадязода, то замоне, ки шохаҳои қонунгузорӣ дар кишвар мустақил нагарданд, баррасии парвандаҳо одилона ва мунсифона сурат нахохад гирифт: "Шурои адлияи Тоҷикистон судяҳоро тасдиқ мекунад ва аз тарафи президент онҳо таъйин мешаванд. То замоне, ки онҳо таъйинотӣ ҳастанд, наметавон гуфт, ки низоми судӣ мустақил аст ва метавонад бо салоҳдиди худ ва аз руи қонун пурра адолатро ба инобат бигиранд. Бинобар ин пушидани як либосу ба сар мондани як кулоҳ маънии онро надорад, ки системаи судӣ дар Тоҷикистон тағйир ёфта бошад."

Ба эътиқоди коршиносон, низоми додгоҳӣ дар Тоҷикистон ба ҳайси як шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ устувор нашудааст, зеро то ҳоли ҳозир додситонӣ, ки як ниҳоди иҷроиявист, салоҳияти назорат аз болои кори додгоҳҳоро дар ихтиёр дорад.

XS
SM
MD
LG