Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буҳроншиносони аврупоӣ дар Тоҷикистон



Абдуқайюми Қайюмзод

Намояндагони Гуруҳи Пажуҳиши Буҳронҳо заминаҳои сар задани низоъҳо дар Тоҷикистонро меомузанд.

Гуруҳи байналмиллалии пажуҳиши буҳронҳо аз ҷомеаи байналмиллал тақозо кард, ки ба ҳукумати Тоҷикистон барои коҳиши мизони ришвахорӣ дар кишвар фишор оварад. Гаррис Эванс - мудири иҷроияи гуруҳи мазкур пас аз анҷоми мулоқоташ бо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ - раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфт, ришвахорӣ махсусан дар байни мақомот ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, ки аз давлат маоши ночиз мегиранд, густариш ёфтааст.

Ҷаноби Эванс гуфт, давлати Тоҷикистон муваззаф аст, дар самти коҳиши мизони ришвахорӣ тадобири амалӣ ва мушахас ба кор барад, дар сурати ғайр идомаи кумакҳои созмонҳои молиявии байналмилалӣ ба кишвар зери суол хоҳад буд. Мудири иҷроияи Гуруҳи Байналмиллалии Пажуҳиши Буҳронҳо дар иртибот ба фаъолияти озоди аҳзоби сиёсӣ ва риояти меъёрҳои ҳуқуқи башар дар кишвар гуфт, ҳанӯз ҳам дар ин заминаҳо мушкилот ва монеаҳо вуҷуд дорад: "Мушкилоти умда ин аст, мусулмонон ва аз ҷумла бештар мусулмонони оддӣ дар анҷоми маросимҳои динӣ ба маҳдудиятҳо мувоҷеҳ шудаанд. Чунин тарзи бархурд ва муносибат бо онҳо оҳиста-оҳиста норозигиҳоро ба бор меоварад, ки дар ояндаи дур метавонад, боиси таркиш ва нооромӣ дар кишвар шавад. Аз ин лиҳоз бояд ба мусулмонони оддӣ барои анҷоми анъаноти динӣ озодӣ дода шавад."

Сайид Абдуллоҳи Нурӣ - раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон гуфт, нахустин суоле, ки мудири иҷроияи Гуруҳи Байналмиллалии пажуҳиши бӯҳронҳо аз у суол кард, ин будааст, ки чаро дар Душанбе садои азон шунида намешавад. Оқои Нурӣ бо ишора ба маҳдудиятҳое, ки феълан барои мусулмонҳо вуҷуд дорад, аз қабили додани азон бо овози паст ва бидуни садоафзо, истифодаи ҳиҷоб, таъсиси масоҷиди ҷомеъ ва ташкили мадорису коллеҷи динӣ афзуд: "Ман худам кушиш кардам, ки як коллеҷ барои ятимон бисозам, ки дар барномаи он улуми дунявӣ буд, аз ҷумла омӯзиши забони англисӣ ва компутар, вале танҳо як соат дарси эътиқодӣ дошт. Вале бо ҳар роҳ, ки кушиш кардем, аз он роҳҳое, ки дар Тоҷикистон ҳам истифода бурда мешавад, аммо муваффақ нашудем. Чӣ расад ба онҳое, ки ингуна имкониятҳо барои сӯҳбат кардан бо мақомот ё талаб кардан аз мақомотро надоранд."

Раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳамзамон аз вазъи Афғонистон ва Ироқ ҳамчун омилҳои буҳронзо дар минтақа изҳори нигаронӣ кард. Ба эътиқоди оқои Нурӣ, ҷанг роҳи мубориза бо терроризм нест ва бо ибрат аз воқеияти феълии Афғонистону Ироқ кишварҳои узви эътилофи зиддитеррористӣ бояд дар шеваи муборизаи худ алайҳи терроризм таҷдиди назар кунанд: "Ҷангҳо террористонро афзоиш медиҳанд. Ҷанг худ як инкубатори бавуҷудоварандаи террор аст. Бинобар ин мо дидем бо чашмони худ. Рузе нест, чанд террор дар Ироқ сурат нагирад. Он ҷо қариб аз сад ҳазор зиёдтар неруҳои расмиву ғайрирасмии кишварҳои Амрикову Аврупо ҳастанд, вале масъаларо ҳал карда натавонистанд."

Коршиносони Гуруҳи байналмилаллии пажуҳиши буҳронҳо таҳти сарварии мудири иҷроияи ин созмон Гаррис Эванс, тайи чанд рузи дигар бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, лидерони аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон омилҳо ва заминаҳои эҳтимолии пайдоиши низоъ дар Тоҷикистонро баҳсу баррасӣ ва дар асоси он як гузорише таҳия хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG