Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эванс:"Ришвахориро решакан кунед"



Абдуқайюми Қайюмзод



Гуруҳи Байналмиллалии Омузиши Буҳронҳо аз ҷомеаи байналмилалӣ тақозо кард, то ба ҳукумати Тоҷикистон барои коҳиши мизони ришвахорӣ дар кишвар фишор оварад.

Гаррис Эванс - президенти гурӯҳи мазкур пас аз анҷоми мулоқоташ бо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ - раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфт, ришвахорӣ махсусан дар байни мақомот ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, ки аз давлат маоши ночиз мегиранд, густариш ёфтааст.

Ҷаноби Эванс гуфт, давлати Тоҷикистон муваззаф аст, дар самти коҳиши мизони ришвахорӣ тадобири амалӣ ва мушаххас ба кор барад, дар сурати ғайр идомаи кӯмакҳои созмонҳои молиявии байналмиллалӣ ба кишвар зери суол хоҳад буд.

Президенти Гуруҳи Байналмиллалии Омӯзиши Буҳронҳо дар иртибот ба фаъолияти озоди аҳзоби сиёсӣ ва риояти меъёрҳои ҳуқуқи башар дар кишвар гуфт, ҳануз ҳам дар ин заминаҳо мушкилот ва монеаҳо вуҷуд дорад.

Ҷузъиёти хабар дар гушаи Гузоришҳо.

XS
SM
MD
LG