Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тавзеъи гази табиӣ боз маҳдуд шуд



Тоҳири Сафар



Сокинони Тоҷикистон дар арафаи Рамазон хабари нороҳаткунандае гирифтанд. Ширкати давлатии гази кишвар бо дастури ҳукумат дар интиқоли гази табиӣ ба хонаҳои мардум маҳдудият ҷорӣ кард. Бино ба иттилоъи хабаргузории "Азия Плюс" дар моҳи Рамазон гази сокинони шаҳр танҳо аз соати 4 то 8-и субҳ ва аз соати 16 то соати 22 бегоҳ фурузон хоҳад шуд, то мардум тавонад, дар ин муддат барои рузагириву рузакушоӣ таомҳои худро таҳия кунанд.

"Азия Плюс" аз қавли мутахассисони ширкати "Тоҷикгаз" навиштааст, эҳтимолан пас аз моҳи Рамазон сокинони кишвар рузона аз истифодаи газ комилан маҳрум хоҳанд шуд, зеро дар ин муддат 8 соати руз интиқоли газ қатъ мешавад. Намояндагони "Тоҷикгаз" гуфтаанд, сабаби маҳдуд кардани интиқоли газ истифодаи беш аз ҳадди он ва кам мондани ҳаҷми гази харидоришуда аз Узбакистон аст.

"Тоҷикгаз" гуфтааст, тавзеъи муқарарӣ, яъне шабонарузии гази табиӣ ба хонаҳои мардум он гоҳ муяссар мешавад, ки аз Узбакистон гази иловагӣ интиқол ёбад. Вале ширкати мазкурро лозим аст, ки ҳаққи миқдори иловагии сузишвориро ба ширкати "Узтрансгаз"-и Узбакистон саривақт бипардозад.

Дар Тоҷикистон, ки соҳиби гази зиёд нест ва умдатан аз Узбакистони ҳамсоя газ мехарад, фасли зимистон истифодаи газ 5-6 маротиба меафзояд. Ба гуфтаи мутахассисони "Тоҷикгаз" барои бароварда сохтани ниёзи мардум дар моҳи декабри соли равон ҳудуди 123 миллион мукааб метр гази табиӣ лозим аст, ки қиммати он ба 5 миллион доллари амрикоӣ мерасад.

Напардохтани ҳаққи газ ва қарзи ҷамъшудаи аҳоливу корхонаҳо дар назди ширкати "Тоҷикгаз" сабаби ҳамвора қатъ шудани гази табиӣ дар хонаҳои мардуми Тоҷикистон мешавад. Ширкати мегуяд, қарзи истифодабарандагони газ аз ин корхона марзи садҳо ҳазор долларро убур кардааст.

XS
SM
MD
LG