Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фестивали экологии журналистон дар Душанбе



Мирзонабии Холиқзод

Ин маърака бо мусоидати Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо баргузор шуд.

Фестивали ҳафтрузаи журналистикаи соҳаи экология, ки бо кушиши Намояндагии Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Осиёи Марказӣ ҳамроҳ бо маркази ҳамин созмон дар Тоҷикистон ва вазорати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе сурат гирифта буд, поён ёфт. Мавзуи аслии ин фестивал инъикоси масоили муҳитзистӣ дар радио, телевизон ва саҳифаҳои матбуоти Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ буд.

Аммо сармутахасиси вазорати муҳити зисти Тоҷикистон Адолат Каримова мегуяд, ҷараёни ин ҳамоиш нишон дод, ки журналистҳои тоҷик ба масоили экологӣ чандон таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд. Вай гуфт: "Мо муҳарирони 17 нашрияро ва дигар васоити ахбори оммаро даъват кардем, танҳо 8 нафари онҳо ширкат намуданд."

Созмонҳои байналмиллалӣ бар асоси барномаи фестивал таваҷҷуҳи журналистҳоро ба манобеъи обии Тоҷикистон ва ба масъалаи дастрасии мардум ба оби ошомиданӣ ҷалб намуда, аз обанборҳои шаҳри Душанбе дидан карданд. Масъалаи беҳдории оби ошомиданӣ мавзуи баҳси яке аз мизигирдҳо дар ҷараёни ин фестивал буд.

Фестивал дар ҳоле баргузор гардид, ки вазорати тандурустии Тоҷикистон расман эълон намуд, сабаби аслии хуруҷи бемории домана, махсусан дар пойтахти кишвар нопокии оби обанбори шаҳр аст, ки аз дарёи Варзоб ба он мерезад.

Масъули бозрасии мустақили муҳити зист дар Душанбе Фируза Абдураҳимова гуфт, дар ҷараёни фестивал кормандони вазорати беҳдошти кишвар низ ширкат доштанд, аммо дар масъалаи хуруҷи бемории домана ишорае нашуд.

Вале кормандони беморхонаҳои пойтахт мегуянд, то замоне, ки масъалаи лулаҳои обгузари зеризаминии пойтахт пок карда нашаванд, домана ҳамчунон афзоиш меёбад. Ба қавли онҳо, дар муддати як моҳи ахир мубталоёни домана ба якуним ҳазор расида ва беш аз 20 нафар аз ин беморӣ даргузаштааст.

Масъули бозрасии мустақили масоили муҳити зист дар Душанбе, Фируза Абдураҳимова мегуяд, намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатии муҳити зисти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар фестивали мазкур таъкид намуданд, ки мушкили дастрасӣ ба оби софи ошомиданӣ аз проблемаҳои рақами аввали муҳити зист дар Осиёи Марказӣ ҳамчунон боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG