Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сирояти домана ру ба коҳиш ниҳод



Мирзои Салимпур



Муовини вазири беҳдошти Тоҷикистон Раъно Абдураҳмонова ба хабаргузории "Интерфакс" гуфтааст, шуйюъи бемории домана дар Тоҷикистон ру ба коҳиш ниҳод.

Ба гуфтаи ин манбаъ, феълан катҳое, ки барои қабули беморони домана дар бемористонҳои Душанбе таҳия карда буданд, дубора ҷамъу гир карда мешаванд, чунки шумораи гирифторони ин бемории сироятӣ кам шудааст.

Бино бар маълумоти вазорати ҳифзи сиҳҳати Тоҷикистон, тайи моҳи октябр танҳо дар шаҳри Душанбе 760 кас бо изни печидан ба домана ба бемористон оварда шуд. Аз ин шумора бемории домана танҳо дар бадани 270 кас ташхис шуда, то кунун 1 нафар ба иллати ҳамин беморӣ аз дунё чашм пушидааст.

Хабаргузории "Интерфакс" навишт, ки вазорати беҳдошти Тоҷикистон мизони нокифояи хлорзании оби ошомидании мардумро дар пойтахт иллати аслии бурузи ин беморӣ дар пешоруи фасли сармо мешуморад.

XS
SM
MD
LG