Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари Раҳмонов ба Индонезия оғоз шуд



Абдуқайюми Қаюймзод



Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар раъси як ҳайъати давлатӣ рӯзи 27 октябр ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Индонезия рафт. Ин нахустин сафари расмии президент Раҳмонов ба як кишвари пурҷамъияттарини мусулмонист, ки то се рӯзи идома хоҳад дошт.

Тибқи иттилоъи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонов бо президент, сарвазир ва мақомоти масъули Индонезия дидору гуфтугӯ анҷом дода, дурнамои масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро миёни кишварҳо баҳсу баррасӣ хоҳад кард.

Ғафур Расулов - сухангӯи вазорати иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон - гуфт, равобити дипломатии Тоҷикистону Индонезия аз соли 1994 оғоз шудааст, вале то ҳоли ҳозир миёни ду кишвар равобити иқтисодиву тиҷоратӣ вуҷуд надорад.

Индонезия ба ҳайси як кишвари узви Бонки Исломии Рушд дар кори конфронси байналмиллалии сармоягузорони бонки мазкур, ки охири сентябри соли равон дар Душанбе баргузор гардид, ширкат дошт ва намояндагони ин кишвар омодагии худро барои ҳамкорӣ бо корхона ва муассисоти Тоҷикистон изҳор дошта буданд. Оқои Расулов гуфт, интизор меравад, дар ҷараёни сафари президент ба Индонезия чанд санади ҳамкорӣ миёни кишварҳо ба имзо бирасад.

Бар асоси маълумоти вазорати хориҷаи Тоҷикистон, дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳур як баёнияи муштарак содир ва ҳамчунин чанд қарордоди ҳамкорӣ дар заминаи туризм, маориф, канорагирӣ аз андозситонии дукарата, созишнома дар бораи ташкили як комиссияи муштарак ҷиҳати ҳамкориҳои байнидавлатӣ ва як ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо хоҳад расид.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон баъди дидораш аз Ҷакарта, пойтахти Индонезия мустақим озими устони Хайнани Чин хоҳад шуд. Вай рӯзҳои 2 ва 3-юми ноябр дар кори конфронси солонаи Форуми иқтисодии кишварҳои Осиё таҳти унвони "Осиё дар ҷустуҷӯи роҳҳои рушд тавассути ҳамкорӣ "ширкат ва суханронӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG