Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Форуми тоҷирони тоҷику турк поён ёфт



Мирзонабии Холиқзод



Беш аз 200 нафар намояндагони ширкатҳо, тоҷирон ва сармоягузорони Туркия бо соҳибкорон ва тоҷирони тоҷик 24 октябр дар Душанбе мулоқот намуда, барномаҳои ҳамкориро дар бахши саноат, барқ, коркарди пахта ва соҳаҳои дигари ду кишвар баррасӣ намуданд. Гурӯҳи тоҷирони Туркия рузи панҷшанбе, 23 октябр ҳамроҳ бо нахуствазири ин кишвар Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба Душанбе ташриф оварданд.

Дар ин мулоқот муовини аввали вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон Исроил Маҳмудов роҷеъ ба имконот ва захоири иқтисодии Тоҷикистон ба соҳибкорони Туркия гузориш дод. Исроил Маҳмудов роҷеъ ба нишаст гуфт: "Мо хостем ба онҳо нишон диҳем, ки чӣ гуна неруҳои барқии бузург дорем ва чӣ гуна захираҳои гидроэнергетикии мо манфиатовар ҳастанд. Онҳо метавонанд, дар бунёди неругоҳи Сангтуда ва сохтмони неругоҳҳои дигари хурд кумак расонанд."

Дар гузориши оқои Маҳмудов гуфта шудааст, ки Тоҷикистон дорои конҳои тилло, нуқра, мармар ва дигар сангҳои қиматбаҳо мебошад ва соҳибкорони Туркия метавонанд, бо ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкорӣ кунанд, ё барои баҳрабардорӣ аз онҳо ширкатҳои муштарак ташкил намоянд.

Дар ин нишст ишора шуд, ки Тоҷикистон ба хотири ҷалби соҳибкорон ва сармоягузорони хориҷӣ ахиран қароре ба тасвиб расонид, ки бар асоси он барои ворид намудани таҷҳизоте, ки аз 500 ҳазор то 5 миллион доллар арзиш дорад, андоз ситонида намешавад.

Бино ба итиллоъи вазорати савдо ва иқтисоди Тоҷикистон, дар ин мулоқот миёни соҳибкорон ва тоҷирони ду тараф ҳеҷ санаде ба имзо нарасидааст, зеро пас аз анҷоми ин сафар имконоти мавҷуд омухта шуда, сипас ҷонибҳо тасмими ниҳоии худро эълон медоранд.

XS
SM
MD
LG