Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тармими фурудгоҳи Айнӣ шурӯъ шуд



Абдуқайюми Қайюмзод



Вазорати дифоъи Тоҷикистон корҳои тармим ва навсозии ягона фурудгоҳи низомии кишвар воқеъ дар маҳаллаи Айнӣ, понздаҳкилометрии ғарби пойтахтро оғоз кардааст.

Маъруф Ҳасанов - сардори бахши равобити байналмиллалии вазорати дифоъи Тоҷикистон - зимни як сӯҳбати телефонӣ гуфт, дар корҳои тармим ва навсозии фурудгоҳи низомӣ мутахассисони як ширкати ғайридавлатии ҳиндӣ ба низомиёни тоҷик кӯмак мекунанд. Оқои Ҳасанов гуфт, ки ин ширкати ҳиндӣ қаблан дар навсозии фурудгоҳи Хуҷанд маркази вилояти Суғд ва фурудгоҳи Душанбе иштирок дошт.

Тибқи маълумоти вазорати дифоъи Тоҷикистон, барои тармим ва бозсозии фурудгоҳи низомии Айнӣ аз 40 то 70 миллион доллари амрикоӣ зарур аст. Фурудгоҳи мазкур, ки дар замони шӯравии пешин сохта шудааст, пас аз касби истиқлолияти Тоҷикистон ба иллати фарсуда шудани таҷҳизот ва хатти парвози он комилан аз фаъолият монд. Маъруф Ҳасанов, сардори бахши вазорати дифоъи Тоҷикистон, мегӯяд, мо бояд дар давоми се соли оянда ин фурудгоҳро навсозӣ ва қобили истифода кунем.

Ёдовар мешавем, қаблан ҳукумати Фаронса, ки як воҳиди низомиаш дар Душанбе мустақар мебошад, ваъдаи кӯмак ба бозсозии ин фурудгоҳро дода буд, вале ба далели гаронии масрафоти корҳои бозсозии ин фурудгоҳ Фаронса тасмими худро тағйир дода, ҳамроҳ бо ҳукумати Амрико хатти парвози фурудгоҳи байналмиллалии Душанберо тармим мекунад. Алъон тайёра ва чархболҳои низомии Русия, Фаронса ва Амрико аз ҳамин фурудгоҳ истифода мекунанд.

Маъруф Ҳасанов сардори бахши равобити байналмилалии вазорати дифоъи Тоҷикистон гуфт, ҳарчанд хароҷоти бозсозии фурудгоҳи низомии Айнӣ дар баробари буҷаи солонаи давлат гарон аст, аммо доштани фурудгоҳи низомӣ барои нируҳои мусаллаҳи як кишвари мустақил амри зарурист.

XS
SM
MD
LG