Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Раҳмонов бо Эрдуғон хотима ёфт



Абдуқайюми Қаюймзод



Бисту сеюми октябр дар ҷараёни сафари Раҷаб Тайиб Эрдуғон - сарвазири Туркия - ба Душанбе, се санад байни Тоҷикистону Туркия, созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи убуру мурури бераводиди шаҳрвандони соҳиби шиносномаи хидматӣ, созишнома миёни Палатаи тиҷорату саноатии Тоҷикистон ва Палатаи равобити иқтисодии Туркия ва ёддошти тафоҳум байни вазорати иқтисоду тиҷорати Тоҷикистон ва Иттиҳоди Палатаҳои тиҷорати саноатӣ ва тиҷорати баҳриву молии Туркия ба имзо расид.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон сарвазири Туркия дар поёни маросими имзои ин аснод ба хабарнигорон гуфт, равобити сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоративу фарҳангии ҳарду кишвари Тоҷикистону Туркия ҳамвора рӯ ба афзоиш мебошад. Ва Туркия бо Тоҷикистон ҳамчун ба як кишвари дӯст ва бародар, ки муштаракоти таърихиву фарҳангӣ дорад, дар оянда равобити боз ҳам беҳтареро ба роҳ хоҳад монд.

Оқои Тайиб Ердуғон гуфт: "Ман бояд ошкоро эътироф кунам, ки Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир миёни ҷомеаи байналмиллалӣ нақши муҳимеро касб кардааст." Сарвазири Туркия зимни посух ба суолоти хабарнигорон гуфт, дар ҳоли ҳозир бо назардошти харидории алюминиюми Тоҷикистон тариқи ширкатҳои Русия ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Туркия солона панҷсад миллион долларро ташкил медиҳад.

Аммо афзуд, вай мо мехоҳем, равобити иқтисодиву тиҷоратии ҳарду кишвар густариши бештар пайдо кунад. Аз ин хотир изофа кард оқои Тайиб Эрдуғон, ҳаҷми табодули мол миёни Тоҷикистону Туркия, ки солона наздики яксаду панҷоҳ миллион доллар мебошад, қонеъкунанда нест. Ба эътиқоди сарвазири Туркия, шароит ва имконоти ҳарду кишвар дар ҳоли ҳозир барои то 250 миллион доллар афзоиш додани ҳаҷми гардиши мол миёни кишварҳо вуҷуд дорад.

XS
SM
MD
LG