Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди муҳоҷирони корӣ 620 000 нафар аст



Сафаргул Олимӣ



Созмони Байналмилаии Муҳоҷират пас аз омӯзиши вазъи муҳоҷирини кории тоҷик дар Русия ва кишварҳои дигари узви ҷомеаи муштракулманофеъ як барномаеро роҷеъ ба стратегияи масъалаи муҳоҷирати кори таҳия намуда, рузи 23 октябр дар Душанбе муҳтавои онро муаррифӣ намуд.

Игор Боск - сардори намояндагии Созмони Байналмилаллии Муҳоҷират дар Тоҷикистон - дар робита ба ин барнома гуфт, таҳқиқоте, ки онҳо гузаронидаанд, қариб тамоми масъалаҳои марбут ба муҳоҷират аз Тоҷикистонро рушан менамояд ва барои масъулини ҳукуматӣ, ки ба масъалаи муҳоҷират сару кор доранд, кумак мекунад.

Оқои Боск ҳамчунин гуфт, тибқи таҳқиқоти созмони мазбур маълум гашт, ки дар ҳоли ҳозир дар Русия ва кишварҳои дигар беш аз 620 000 муҳоҷир мебошанд, ки 12 дар садашонро занон ташкил медиҳанд. Аммо манобеи дигар мегуянд, теъдоди муҳоҷирини тоҷик дар хориҷи кишвар беш аз 1 миллион нафараст. Оқои Боск афзуд, азбаски Русия узви Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират нест, татбиқи барномаҳои ин созмон дар масъалаи кумак ба муҳоҷирини тоҷик дар он кишвар ба мушкилӣ мувоҷеҳ мешавад.

XS
SM
MD
LG